Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 09.04.2021 13:29
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ барои аҳолии маҳаллаҳои «Тоҷикон» ва «Сангтӯда»-и деҳоти Ворухи шаҳри Исфараро ба истифода доданд - 09.04.2021 13:37
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфараро ифтитоҳ намуданд - 09.04.2021 13:39
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону сокинони шаҳри Исфара мулоқот намуданд - 09.04.2021 15:22
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ ва гармхонаҳои парвариши гулҳои мавсимиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 10.04.2021 10:18
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази нави хизматрасониро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 10.04.2021 13:51
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони «30-солагии Истиқлол»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 10.04.2021 11:49
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маркази савдо ва хизматрасонии «Амид»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода супориданд - 10.04.2021 11:47
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қасри фарҳангро дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ифтитоҳ намуданд - 09.04.2021 11:10
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Пойгоҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар деҳоти Ворух ифтитоҳ намуданд - 09.04.2021 13:21

Исфара. Афсарону сарбозони фаъол бо Сипоснома қадршиносӣ гардиданд

( 0 Овоз )

Дар Кохи фарханги шаҳри Исфара ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии пуршукӯҳи идона  доир гардид.

Тибқи иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода  афсарону сарбозон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кулли ҳозиринро бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намуда, саҳми онҳоро дар пойдории амну суботи ҷомеа ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат назаррас арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рўзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди ин ниҳоди қудратӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд.

Имрўз хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ бо сарбаландӣ баромада, давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои онҳо ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро мебинанд.

Бо ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон Артиши миллӣ қодир аст амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳамагуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст. Мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи хеш чун нерўи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки афсарону сарбозони шуҷоъ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.

Сипас зери оҳанги мутантан ба беҳтарин афсарону сарбозон, иштирокчиёни барқароркунии сохти конститутсионӣ ва фаъолон Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Исфара. Афсарону сарбозони фаъол бо Сипоснома қадршиносӣ гардиданд