Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар дидбонгоҳи сарҳадии «Исрофилобод» чорабинӣ доир шуд

( 0 Овоз )

23 феврал дар қисми ҳарбии 0203-и дидбонгоҳи сарҳадии «Исрофилобод»-и ноҳияи Айнӣ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Дар ҷамъомад роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомотҳои қудратӣ, кормандони идораю ташкилотҳо ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.

Нахуст, раиси ноҳия Муқим Муродзода афсарони қисми низомиро бо Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, бо ёдоварӣ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки “бо шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвари азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд”.

Муқим Муродзода хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба ифтихори бисту ҳаштумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, орзу намуд, ки Артиши миллии мо боз ҳам пурзӯртару нерӯмандтар гардад ва амнияту осоиштагии давлати тоҷикон то абад устувору поянда бошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share