Таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт

( 0 Овоз )

23 феврали соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт чорабинии идона доир гардид.

Чуноне аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, дар чорабинӣ раиси ноҳия Зариф Мирдадо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон, вакилони маҷлисҳои мақомотҳои маҳаллӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ, ҷанговарони байналмиллал иштирок намуданд.

Раиси ноҳия афсарону сарбозонро ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт ва барои онҳо саодати рӯзгорро таманно намуд.

-Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон меваи даврони соҳибистиқлолист аст, ки бо талошҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳастӣ намуда, оромиву осоиши меҳанро таъмин менамоянд, — зикр шуд дар чорабинӣ.

Дар вазъияти тантанавӣ ба роҳбарони сохторҳои ҳарбӣ ва ба як қатор сарбозон Сипоснома ва туҳфаҳои раиси ноҳия, Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссириати ҳарбии ноҳия супорида шуд. Ҳамзамон ба оилаи сарбозони ҳалокшуда маблағи яквақтаинаи пулӣ тақдим гардид.

Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share