Панҷакент. Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид

( 0 Овоз )

Бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент бо иштироки роҳбарони  мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони шаҳру деҳот ва афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ чорабинӣ доир шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, дар чорабинии идона иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода санаи фархундаро ба ҳомиёни Ватан сидқан муборакбод гуфт. Қайд гардид, ки ҳар сол санаи 23 феврал мардуми шарафманди Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент, Рӯзи Артиши миллиро бо ифтихор аз соҳибистиқлолию якпорчагии Ватани азизу маҳбубамон таҷлил менамоянд.

Таъкид карда шуд, ки 28 сол муқаддам, санаи 23 феврали соли 1993 бо иқдом ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, рисолати худ - дифои истиқлол, таъмини амнияти марзу буми кишвар ва ҳаёти осоиштаи мардуми шарафманди Тоҷикистонро сарбаландона иҷро намуда истодааст.

Дар охир як қатор фаъолони сохторҳои қудративу низомӣ бо туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share