Баргузории ҷамъомади идона бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конибодом

( 0 Овоз )

22 феврали соли равон дар қасри фарҳанги шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии идона сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ, ҳайати шахсии комиссариати ҳарбӣ, кормандони мақомоти қудратӣ,  собиқадорони вазорати дифоъ, ҷанговарони байналмилал, иштирокдорони барқароркунии сохти конститутсионӣ, садамаи Чернобил, намояндагони ҷамоатҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Дар чорабинии тантанавӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода иштирок намуда, сарбозону афсаронро бо санаи фархундаву шукӯҳманд – солгарди навбатии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт.

Сипас, барои хизмати содиқонаву босамар, саҳми арзанда дар самти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлату ҷомеа, тарбияи насли ҷавону наврас дар руҳияи ватандӯстиву садоқатмандӣ ва ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолон ва хизматчиёни ҳарбӣ бо медалҳои ҷашнӣ, ифтихорномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тӯҳфаҳо ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва комиссариати ҳарбии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Барномаи рангини консертии санъаткорони шаҳр ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share