Таҷлили 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан

( 1 Овоз )

Ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарону сарбозон ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ширкат варзиданд.

Адҳам Маъмурзода зимни суханронӣ худ собиқадорон ва афсарону сарбозони шуҷоъи Ватанро бо ин санаи фархунда таҳният намуд. Зикр гардид, ки имруз мардуми шарафманди Тоҷикистон 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба як нерӯи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст, ҷашн мегиранд. Тӯли 28 сол афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро дар назди Ватан-модар адо намуда истодаанд.

Дар интиҳо баҳри болидахотирии афсарону сарбозон аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр консерти идона пешкаш гардида, чорабинии тантанавӣ бо суруду таронаҳои Ватан - модар ҷамъбаст гардид. 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share