Хабарҳо
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон суҳбати телефонӣ анҷом доданд - 14.05.2021 10:23
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд - 12.05.2021 19:13
Ба 316 нафар аробачаҳои маъюбӣ супорида шуд - 12.05.2021 11:58
Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди саиди Фитр табрик намуд - 13.05.2021 10:31
Кӯмаки мардуми Мастчоҳ ба сокинони зарардидаи Исфара - 12.05.2021 10:49
Раҷаббой Аҳмадзода Шаҳрванди фахрии Хуҷанд Абдушукур Назаровро бо рўзи милодаш табрик гуфт - 12.05.2021 09:54
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр - 12.05.2021 09:13
Дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон - 12.05.2021 09:10
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд - 12.05.2021 09:05

Дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Исфара корҳои биотехникӣ — ғизодиҳӣ гузаронида шуданд

( 0 Овоз )

18 феврал аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ дар мавзеи дашти Искодари ноҳия корҳои биотехникӣ гузаронида шуда, барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин мавзеъ ба миқдори 150 кг гандум ва 50 банд алаф дар ҷойҳои махсус муайян пошида шуд. Дар ин бора аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ орҳои биотехникӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ аз фасли зимистон гузаронида шуда истодаанд.

Баҳри беҳтар сохтани вазъи экологӣ ва таъмини олами наботот дар мавзеи Сиёҳкӯҳи шаҳри Исфара низ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал корҳои ғизодиҳӣ анҷом дода шуда, зимни он  барои ҳайвоноту паррандагони ин мавзеъ ба миқдори 950 кг дону гандум ва 20 адад бастаи коҳ гузошта шуд.

Тибқи нақшаи чорабинии раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят корҳои биотехникӣ — ғизодиҳӣ дар дигар минтақаҳои қаламрави вилояти Суғд идома доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Исфара корҳои биотехникӣ — ғизодиҳӣ гузаронида шуданд