Хабарҳо
Баргузории ярмарка - фуруши маҳсулоти кишоварзӣ - 06.03.2021 15:19
“Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад”-бардошт аз чорабинии идона дар шаҳри Исфара - 05.03.2021 20:44
Дар ноҳияи Ашт Рӯзи Модарро бо шукуҳи хоса ҷашн гирифтанд - 05.03.2021 20:24
Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар бо ҳузури Озарахшу Фарзона маҳфили «Ширу шакар» доир шуд - 05.03.2021 16:32
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот намуданд - 05.03.2021 16:19
Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани нерӯи таълимии мактаб дар пешгирии ифротгароии хушунатомез» - 05.03.2021 14:51
Истаравшан. Соҳибкор Ҳакимова Рухшона коргоҳи хурди қаннодиро мавриди истифода қарор дод - 05.03.2021 14:48
Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Бӯстон - 05.03.2021 14:42
55,6%-и кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бонувон ташкил медиҳанд - 05.03.2021 14:39
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Ҷумҳурии Туркия сафар мекунанд - 05.03.2021 10:27

Заминҳои Беморхонаи клиникавии вилоятӣ самаранок истифода бурда мешавад

( 0 Овоз )

Аҳли заҳмати Беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи С. Қутфиддинов бо мақсади сазовор истиқбол намудани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи корҳои ободонию созандагиро пиёда намуда истодаанд. Дар мавсими имсола аллакай дар заминҳои бекорхобидаи беморхона ниҳолҳои ҳамесабз, мевадиҳанда ва ороишӣ шинонида шуданд.

Субҳи имрӯз бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва иҷрои самараноки дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаби замин дар масоҳати наздик 0,5 га (50 сотих)-и заминҳои бекорхобидаи беморхона картошка кишт карда шуд. Ин имкон медиҳад, ки талаботи озуқавории Беморхонаи вилоятиро дар фосилаи муайян бо "нони дуюм" таъмин созад.

Ёдовар мешавем, ки Беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи С. Қутфиддинов шуруъ аз санаи 2 феврали соли 2021 ба фаъолияти муқаррарии худ баргашт ва давоми 10 моҳи қаблӣ чун госпитал баҳри мубориза бо бемории фарогири короновирус муайян шуд ва ҷомеаи меҳнатии ин муассисаи тиббӣ наздик 1 сол ҷон ба каф гирифта, шабонарӯз баҳри таъмини солимии аҳолӣ заҳмат кашиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Заминҳои Беморхонаи клиникавии вилоятӣ самаранок истифода бурда мешавад