Хабарҳо
Баргузории ярмарка - фуруши маҳсулоти кишоварзӣ - 06.03.2021 15:19
“Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад”-бардошт аз чорабинии идона дар шаҳри Исфара - 05.03.2021 20:44
Дар ноҳияи Ашт Рӯзи Модарро бо шукуҳи хоса ҷашн гирифтанд - 05.03.2021 20:24
Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар бо ҳузури Озарахшу Фарзона маҳфили «Ширу шакар» доир шуд - 05.03.2021 16:32
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот намуданд - 05.03.2021 16:19
Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани нерӯи таълимии мактаб дар пешгирии ифротгароии хушунатомез» - 05.03.2021 14:51
Истаравшан. Соҳибкор Ҳакимова Рухшона коргоҳи хурди қаннодиро мавриди истифода қарор дод - 05.03.2021 14:48
Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Бӯстон - 05.03.2021 14:42
55,6%-и кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бонувон ташкил медиҳанд - 05.03.2021 14:39
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Ҷумҳурии Туркия сафар мекунанд - 05.03.2021 10:27

Ситоди ҷумҳуриявӣ ба гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва сайругашти идона ба муносибати ҷашни байналамилалии Наврўз иҷозат дод

( 0 Овоз )

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон ва арзишҳои миллӣ ба гузаронидани барномаҳои фарҳангиву варзишӣ ва сайругашти идона ба муносибати ҷашни байналамилалии Наврўз, ба истиснои намоишҳои театрикунонидашудаи оммавӣ дар варзишгоҳҳо бо дарназардошти риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемӣ иҷозат дод.

Дар иттилоияи Ситоди ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла омадааст:

«Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки сарфи назар аз он ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифторони бемории сироятии коронавирус  ба қайд гирифта нашуда бошанд ҳам, қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ ва  маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисонро қатъиян риоя кунанд. Зеро дар сурати риояи тавсияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва амалисозии тадбирҳои мушаххас метавон ҳама гунна чорабинӣ ва фаъолияти иншооти гуногуни иҷтимоиро ба роҳ монд, дар акси ҳол натиҷа баръакс хоҳад шуд.

Дар ин росто вобаста ба фаро расидани  ҷашнҳои миллӣ Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд:

  1. Бо мақсади арҷгузорӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон, арзишҳои миллӣ, таҳкими ғояҳои ватанпарварӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва сайругашти идона ба муносибати ҷашни байналамилалии Наврўз, ба истиснои намоишҳои театрикунонидашудаи оммавӣ дар варзишгоҳҳо бо дарназардошти риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемӣ иҷозат дода мешавад.
  2. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳангоми баргузории чорабиниҳои идона ба исрофкориву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.
  3. Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҷараёни таҷлили ҷашни байналамилалии Наврўз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, амният ва тартиботи ҷамъиятиро таъмин намоянд».

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ситоди ҷумҳуриявӣ ба гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва сайругашти идона ба муносибати ҷашни байналамилалии Наврўз иҷозат дод