Хабарҳо
Баргузории ярмарка - фуруши маҳсулоти кишоварзӣ - 06.03.2021 15:19
“Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад”-бардошт аз чорабинии идона дар шаҳри Исфара - 05.03.2021 20:44
Дар ноҳияи Ашт Рӯзи Модарро бо шукуҳи хоса ҷашн гирифтанд - 05.03.2021 20:24
Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар бо ҳузури Озарахшу Фарзона маҳфили «Ширу шакар» доир шуд - 05.03.2021 16:32
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот намуданд - 05.03.2021 16:19
Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани нерӯи таълимии мактаб дар пешгирии ифротгароии хушунатомез» - 05.03.2021 14:51
Истаравшан. Соҳибкор Ҳакимова Рухшона коргоҳи хурди қаннодиро мавриди истифода қарор дод - 05.03.2021 14:48
Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Бӯстон - 05.03.2021 14:42
55,6%-и кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бонувон ташкил медиҳанд - 05.03.2021 14:39
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Ҷумҳурии Туркия сафар мекунанд - 05.03.2021 10:27

Ғолибони даври вилоятии озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» муайян шуданд

( 0 Овоз )

11 феврали соли 2021 дар маркази вилоят даври вилоятии озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» баргузор гардид. Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон аз рўи маҳсулоти пешниҳодшуда ҷойи аввал насиби Ҷамшед Ҳасанов, ҷойи дуюм насиби Ғанӣ Усмонов ва ҷойи сеюм насиби Достонбек Турсунов гардид.

Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар ва намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, аз иштирокчиёни озмун даъват ба амал оварданд, ки дар муаррифии бештари имконияти сайёҳии кишвари азизамон Тоҷикистон саҳм гузоранд.

Зикр гардид, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат ва рушди деҳот солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои  баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳо, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, гузаронида шуд. Эҳё ва тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, хусусан таҳияи маҳсулоти ороишӣ аз санг, дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарманд, ташкили ҷойҳои корӣ ва ба ин васила рушди бахши сайёҳӣ аз хадафҳои асосии озмун мебошад. Зеро баргузории чунин озмунҳо имкон медиҳад, ки ҳунармандон маҳсулоти беҳтаринро пешниҳоди харидорон ва сайёҳон гардонанд. Тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, хусусан ҳунари сангтарошӣ ва заргарӣ саривақтӣ ва барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муҳим мебошад, зеро дастранҷи ҳунармандони асилро метавон ҳамчун армуғони беҳтарини миллӣ ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ намуд.

Дар даври вилоятии озмун довталабоне, ки дар даври шаҳриву ноиявӣ ғолиб гардида буданд, иштирок намуда, ба ҳайати комиссия ва меҳмонон маҳсулоти омоданамудаи худро муаррифӣ намуданд.

Дар анҷом ба ғолибон  мукофот, диплом ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супурда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ғолибони даври вилоятии озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» муайян шуданд