Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тибқи нақшаи Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии он” баргузор гардид.
Тавре аз донишгоҳи мазкур хабар доданд, дар конфронси мазкур раиси Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ Шӯҳрат Саидзода, сардори раёсати илм ва инноватсия Зарина Самадова, аъзои Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ ва донишҷӯёни фаъоли ихтисоси сиёсатшиносӣ ширкат варзиданд.
Конференсияи мазкур бо сухани ифтитоҳии раиси Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ, дотсент Шӯҳрат Саидзода оғоз гардида, қайд шуд, ки чун ҳарвақта имсол низ дар Паёми Пешвои миллат ба соҳаи илму маориф диққати аввалиндараҷа дода шуд. Сохта ва ба истифода дода шудани иншооти зиёд дар ин самт, зиёд намудани мактабҳои гуногун ва ба таври васеъ ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон гувоҳи гуфтаҳои болост.
Сипас маърӯзаҳои устодону магистрантон дар мавзӯҳои “Нақши Паёми Пешвои миллат дар татбиқи самтҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон”, “Ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистон бо давалатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ”, “Рушди иқтисодиёти миллӣ дар Паёми пешвои миллат” шунида шуд.
Баргузории чунин конференсияҳо дар донишгоҳ минбаъд низ идома ёфта, устодон нуктаҳои муҳимтарини Паёми Президенти мамлакатро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд