Паёми Пешвои муаззами миллат - илҳомбахши кору зиндагист! Мулоқоти аъзои Маҷлиси миллӣ бо сокинони шаҳри Бӯстон

( 0 Овоз )

8-уми феврал дар толори Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот доир гардид.

Дар мулоқот аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сартабиби Беморхонаи рақами 1-и Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Ҳакимова Карима андешаҳои хешро вобаста ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд.

Сипас, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири кафедраи назарияи иқтисод Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдумавлон Азимов ва номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарипов перомуни дигар ҷанбаҳои Паём ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар намуданд.

Баъдан ректори Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ташаббусҳои наҷиб вобаста ба расидан ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар-саноатмкунонии босуръати мамлакат ибрози андеша намуд.

Гуфта шуд, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» раҳнамо ва дастури кори ҳар яки мо мардуми шарифи кишвар буда, моро зарур аст, ки баҳри амалӣ гардонидани нишондиҳандаҳои Паём аз тамоми имкониятҳо истифода намоем.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share