Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов беш аз 3000 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд

( 0 Овоз )

Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳолшинонӣ, сабзазоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист, инчунин таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Маъракаи ниҳолшинонӣ рӯзи 6 феврали соли 2021 дар Ҷамоатҳои шаҳраки Меҳробод, деҳоти Деҳмой, Ғӯлакандоз ва Гулхона ҷараён гирифта, дар ҳашар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳо, сокинон ва ҷавонон ширкат варзиданд.

Дар шафати кӯчаҳои асосӣ ва ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия дарахтону гулҳои нодиру хушнамо шинонда шуд.

Дар маъракаи ниҳшолшинонӣ аз ҷониби Ҷамоати шаҳраки Меҳробод 60 бех ниҳоли ҳамешасабз, аз ҷониби Ҷамоати деҳоти Деҳмой 560 бех ниҳоли ҳамешасабз, 1500 бех сафедор ва 800 дона гули садбарг, аз ҷониби Ҷамоати деҳоти Гулхона 50 бех сафедор, аз ҷониби Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз 120 бех ниҳоли сояафкан ва 300 бех сафедор шинонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share