Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 09.04.2021 13:29
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ барои аҳолии маҳаллаҳои «Тоҷикон» ва «Сангтӯда»-и деҳоти Ворухи шаҳри Исфараро ба истифода доданд - 09.04.2021 13:37
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфараро ифтитоҳ намуданд - 09.04.2021 13:39
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону сокинони шаҳри Исфара мулоқот намуданд - 09.04.2021 15:22
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ ва гармхонаҳои парвариши гулҳои мавсимиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 10.04.2021 10:18
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази нави хизматрасониро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 10.04.2021 13:51
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони «30-солагии Истиқлол»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 10.04.2021 11:49
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маркази савдо ва хизматрасонии «Амид»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода супориданд - 10.04.2021 11:47
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қасри фарҳангро дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ифтитоҳ намуданд - 09.04.2021 11:10
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Пойгоҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар деҳоти Ворух ифтитоҳ намуданд - 09.04.2021 13:21

Шарҳи Паёми Пешвои миллат дар идораву ташкилот ва маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати фаҳмонидани нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ гуруҳҳои корӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқотҳо анҷом дода истодаанд.

Чунин мулоқот бо иштироки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Набизода ва устодони донишгоҳҳои олии маркази вилоят дар толори  Маркази фарҳанги шаҳр баргузор гардид.

Фирўза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд вохўриро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2021 ироа гардида буд, тибқи ҷадвали тасқиднамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар идораву муассисаҳо силсилаи  мулоқотҳо баргузор шуда истодаанд.

Сипас, Мадина Набизода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид.

Таъкид шуд, ки дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад.

Зикр гардид, ки пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд. Яъне мо соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем. Дар навбати аввал, бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид намудем. Аз ҷумла ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд.

Сипас, Иброҳим Ҷабборов, декани факултети таърих ва ҳуқуқ ва Рустам Юлдошев, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров роҷеъ ба паҳлуҳои дигари Паёми Пешвои миллат иттилоъ доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шарҳи Паёми Пешвои миллат дар идораву ташкилот ва маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд