Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд вохӯрии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гуруҳи тарғиботиву ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо аҳолӣ доир гардида истодааст.
Дар вохӯриҳо аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гуруҳи тарғиботиву ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нуктаҳои муҳимтарини Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро шарҳу тавзеҳ дода истодаанд.
Вохӯрии гуруҳҳои корӣ 1 феврал оғоз ёфта, то 10 феврал идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки 26 январи соли 2021 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки "ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад".
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд