Хуҷанд. Ғолибони даври шаҳрии озмуни “Дастархонороӣ” муайян гардиданд

( 1 Овоз )

Дар тарабхонаи “Мирзоҳабиб”-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни “Дастархонороӣ”  бо иштироки 22 маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд.

Ҳар як маҳаллаҳои шаҳр намунаи хўроку анвои хўрдании хешро бо санъату маҳорати хоса ба маърази тамошо гузоштанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки миллати тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бои фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми шоиста касб намудааст. Халқи тоҷик на танҳо дар бахши омодасозии анвои таъомҳои миллӣ, балки дар дастархонороӣ низ маҳорати баланд дошта, хони оростаи ҳунармандони он на фақат маъракаҳои хонаводагӣ, балки ҷашнҳои пуршукӯҳи идонаи миллиро зебу зиннати хоса мебахшад.

Ҳайати ҳакамон баъди азназаргузаронӣ ва хулосаҳои худ ғолибонро муайян намуданд. Доварони озмун бештар ба сарфакоронаю моҳирона оростани дастархон, зебо, хушоянд, дилписанд будани он бо риояи анъанаҳои суннатӣ ва таомҳои миллӣ баҳогузорӣ намуда, маҳз камхарҷии онро ба инобат гирифтанд.

Ҳамин  тавр, мақоми аввалро маҳаллаи “Сирдарё”, ҷойи дуюмро  мактаби санъати №4 ва зинаи сеюмро маҳаллаи “Навбаҳор”-и шаҳр соҳиб гардиданд. Ба ғолибони озмун диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share