Таҷлили Иди Сада дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

( 0 Овоз )

29 январи соли 2021 дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки кишоварзону фаъолон ва кормандони сохторҳои гуногуни ноҳия ҷашни Сада таҷлил гардид.

Дар ҷашнгоҳ аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ ва гулпарварону ниҳолпарварон навъҳои гуногуни ниҳолу гул, тухмии зироатҳо ба намоиш гузошта шуда, гулханафрӯзиву намоиши маҳсулоти ҳунармандони ноҳия ба чорабиниӣ шукуҳи хоса бахшид.

Раиси ноҳия Тоҳир Қудратзода сокинонро ба муносибати фарорасии Иди Сада табрик намуда, қайд кард, ки Сада аслан ҷашни деҳқонону кишоварзон мебошад ва дар байни тоҷикон бо хусусиятҳои мардумиаш маҳбубияти хоса касб кардааст. Маҳз дар ҳамин айём марди деҳқон омодагиро ба фасли баҳор оғоз менамояд, аз пайи таъмиру тайёр намудани таҷҳизоти кишоварзӣ мешаванд, нақшаи бунёди боғу токзор ва дигар корҳои баҳориро тарҳрезӣ мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар замони истиқлол ҷашни Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар  радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share