«БЕШАРАФӢ». Удабою уламои зери тоқӣ чӣ мегӯянд?

( 0 Овоз )

Муҳаммадиқбол. Қаҳрамони марказии филми «Бешарафӣ». Тамошои он чун ченаки чаҳорандоза майдонҳои дученакаи беохирро пеши назар ҷилва медиҳад. Баҳору хазони майдон марбут ба ҷаҳони маънавӣ, дарки тамошобин аст. Ӯ ё тараҳҳум бар ҳоли қаҳрамон мекунад ё зарбулмасали «Дарди бад давои бад»-ро вирди забон месозад. Дар оғози филм омадани унвони «Фоҷиаи миллӣ» холӣ аз маънӣ нест. Зеро фоҷиаи як фард фоҷиаи миллатест, ки фард аз он эътибор мегирад. Муҳим нест, ки фард фоҷиаи худро дарк кунад (чӣ хубе агар дарк кунад), муҳим дарси ибрат бардоштан, боздоштани тӯда аз ғалтидан ба чоҳи ғафлат аст. Мундариҷаи филм, ҳокӣ аз аз он аст, ки муаллифон, аз ҷумла, чунин ҳадафро ба миён гузоштаанд.

Дар филм мафҳуми тараҳҳум сарфи назар шудааст. Дидаю дониста. Зеро “Тараҳҳум бар паланги тездандон, ситамкорӣ бувад бар гӯсфандон” аст. Ба хотири кайк пӯстин сӯхтан аст. Хоса даме, ки сухан аз бақо ё адами ҳастии миллат, давлат меравад. Хатти маши филмро ин нукта дар бар мегирад. Персонажҳое, ки дар бораи каҳрамони филм ибрози андеша мекунанд, шахсони одӣ нестанд. Сухани онҳо вазн, эътибор дорад, шоҳиди зинаҳои «камолот»-и қаҳрамон ҳастанд. Онҳо на ба он хотир ибрози андеша мекунанд, ки хусумате, танафуре ба шахсе доранд, балки шаҳди каҷ пой ниҳоданҳоро ба ҷони хеш санҷидаанд. Онҳо аз оқибати каҷ хишт ниҳоданҳо меҳаросанд, ки сухан ботаҳаммул, вале бепарда мегӯянд.

Агар дидӣ, ки нобиною чоҳ аст,
Ту гар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст!

Оғози филм «Фоҷиаи миллат» ном гирифтааст. Оё метавонист ин фоҷиа бар сари Муҳаммадиқбол, ки фоҷиаи миллат аст, рух надиҳад? Метавонист. Агар ин бачаи деҳотӣ аз оғӯши гарми дабистон канда намегашт, аз ҷамъ-ул- ҷамоат бо ҳидояти қиблагоҳ ба ҷамоате, гурӯҳи фирефтаи пулу моли аҷнабиён намепайваст, ба доми балои кишвари касофатзада намеафтод. Ин ҳам кам аст. Тоҷикон дар мавриди инсони бемавқеъ «Ин одам мазҳаб надорад»  мегӯянд. Яъне, мавқеъ надорад. Ин гуфта ба миллат ҳам тааллуқ дорад.

Миллати бемазҳаб, маънӣ бемавқеъ. Замоне, ки афроди як миллат бар алайҳи ҳамдигар дар сангарҳо қарор доранд, дар бораи миллият ҳарф задан бо чормағзи пуч кисса пур кардан аст. Худфиребист. Замоне, ки кори миллат бар дӯши ду — се нафар бор аст, дигарон худро канор мегиранд, аз бақои он ҳарф задан душвор аст. Маъмур будан маънии масъул буданро надорад. Мухолиф будан маънии дар мавқеи миллат буданро надорад. Мунофиқон, ки сари дастархон, яке аз минбар дигаре мегӯянд, замину замонро гирифтаанд. Онхо об лой мекунанду моҳӣ меқапанд, фитна меангезанду шикам мечалонанд. Ин аст, ки миллати тоҷик ибтидои асри XX ҳар чӣ дошт, аз даст дод. Ин аст, ки миллати тоҷик ибтидои асри XXI хар чӣ ӯ дошт, аз даст дод.

Вале дарс нашуд. Гумон аст, ки мағзи чапи фалаҷ имкон диҳад, ки дарс шавад. Даме, ки миллатҳои дигар роҳи баҳам омадан меҷӯянд, афроди тоҷик сояи ҳамдигар аз девор метарошанд. Ҳадафи филм Муҳаммадиқбол нест, баргардонидани афроди миллат аз ин роҳи ғалат аст. Фикр мекунам, удабою уламои зери тоқӣ ба ин гуфта розӣ ҳастанд. Агар розӣ нестанд, чӣ ҳарфи гуфтанӣ доранд?

Албатта шарм аст, ки тоҷике ба ҷаҳониён ба сурати қаҳрамони марказии «Бешарафӣ» муаррифӣ шавад. Аммо шарми бештар аз он аст, ки ин тоҷик ҷойгоҳи худро надорад, сарнавишти талхи миллат барояш дарс нест. Сарнавишт (карма) подоши пиндор, гуфтор, кирдор аст. Он метавонад нек бошад ё бад. Он ки қаҳрамони филм сониро касб кардааст, тӯдаро ба каҷроҳа ҳидоят мекунад, ҳадафи тири хаданги нишонраси муаллифон қарор гирифтааст. Қаҳрамон он чиро, ки дар симои дигарон меҷуст, дар рӯзгори худ пайдо кард. Лаҳни гуфтореро, ки ба дигарон раво дид, аксулсадояшро шунид. Афсонаеро, ки мехонад, ба хакиқати зиндагиаш табдил ёфт.

Хишт ҳамонест, ки лояш аст.

Хислати «хубе» дорем мо тоҷикон тамошобинему балегӯй. Даме, ки  кор аз кор гузашт, гунаҳгор меҷӯем. Шиорамон «Дил ба ёру даст ба кор» не, «Таваккал бар сари кал». Адабиёт, фарҳанги ҳазорсола назди удабои мо чормағзи пуче беш нест. Агар чунин нест, чаро онҳо ба кирми лойхӯраки даруни кӯза мубаддал гаштаанд? Ба чоҳ меафтему боз меафтем. Мисли оне, ки мағзи чапи сарамон фалаҷ аст. Нотавонбенему тавони тавоноро надорем. То қасд нагирем, тасбамон паст намешавад. Зархаридони ҳалқабаргӯшем. Гуноҳе содир мекунему худро мусичаи бегуноҳ мегирем.

Як дӯстам чунин гуфт: «Муҳаммадиқбол ба чоҳе афтод, ки худ канда буд». «Кадом аст он чоҳ» — пурсидам аз ӯ. «Ривоятбофию ривоятсозӣ. Маслаки ҳазорсолае, ки аз ҳақиқати зиндагӣ дур месозад».

Афсӯс, ки қаҳрамони филм масали маъмули «Аввал саратро ба халтаи худ андоз»-ро фаромӯш кардааст. Аҷаб мушоҳидакору пурҳикмат буданд ниёгони мо. Манзур аз ин масал бӯи дохили халта аст. Афсӯс, халтаи Муҳаммадиқбол ҳар бӯе, ки дошт, ба машоми мардум расид. Дар Аврупо шояд он бӯи настаран бошад, аммо дар Тоҷикистон чӣ бӯи баде!

Бо ҳамкасбон сари «Бешарафй» зиёд суҳбат меороем. Андешаҳо якранг нестанд. Аммо аксари онҳое, ки аз касбият бӯй бурдаанд, мутмаин бар масали «Дарди бадро давои бад» ҳастанд.

Ҳар бад, ки ба худ намеписандӣ,
Бо кас макун ай бародари ман!
Гар модари хеш дӯст дорӣ,
Дашном мадеҳ ба модари ман!

Шарифи ҲАМДАМПУР

Бознашр аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон» №4 (1411) 2021


Share