Хонандаи тоҷик Лайло Ёқубова дар Фестивали байналмилалии «Шодии Тошканд» ғолиб гардид

( 0 Овоз )

Хонандаи синфи 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, узви маҳфили «Рассоми эҷодкор»- и Маркази таҳсилоти иловагӣ Лайло Ёқубова дар 8 — умин Фестивали байналмилалии «Шодии Тошканд» иштирок намуда, ғолиб гардид. Дар ин бора Фирдавс Ашӯрматов, роҳбари Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд хабар дод.

Лайло Ёқубова таҳти роҳбарии Нозима Раҳимбоева ба кумитаи тадорукот озмуни мазкур, ки тариқи фосилавӣ баргузор гардид, расмҳои кашидаашро дар мавзӯъҳои «Олами рангини кӯдакон», «Ҷаҳоне, ки ман сукунат дорам», «Ватани ман», «Орзуи ман» пешниҳод намуд.

Фестивали байналмилалии кӯдакон «Шодии Тошканд» аз соли 2004 инҷониб аз ҷониби Академияи рассомии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ду сол як маротиба байни кӯдакони аз 5 то 15-сола баргузор мегардад. Имсол ба кумитаи тадорукоти 8 — умин Фестивали байналмилалии «Шодии Тошканд» зиёда аз 2 ҳазор асарҳои кӯдакон аз 27 кишвари олам, аз ҷумла Франсия, Ҳиндустон, Чин, Амрико, Озарбойҷон, Малайзия, Миср, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Исроил, Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Латвия ва ғайра пешниҳод гардиданд.

Асарҳои тасвирнамудаи Лайло Ёкубова дар намоишгоҳи доимии 8 — умин Фестивали байналмиллалии «Шодии Тошканд» ба намоиш гузошта мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share