Фаъолият ҷамъбаст ва вазифаҳо муайян гардиданд

( 0 Овоз )

Дар  маҷлисгоҳи  Гимназияи №1  ба номи  Раҳим  Ҷалили маркази вилоят   бо иштироки сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои маориф, директорони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, таҳсилоти иловагӣ, кабинетҳои методии шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти Раёсати маорифи вилоят дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 баргузор гардид.

Ҷаласаро сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ифтитоҳ намуда, бардоштҳои хешро аз ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хоҷагии халқи вилоят  оид ба натиҷаҳои  соли сипаригардида баён дошта, ҳозиринро бо рӯзномаи кори ҷаласа ошно кард. Сипас ҳисоботи Раёсати маорифи вилоят дар соли 2020 шунида шуда,  вазифаҳо барои соли равон муқаррар гардиданд.

Зимни музокира сардорони раёсат ва мудирони шуъбаи маорифи шаҳру навоҳии Истаравшан Диловар Азимов, Исфара Бобохон Саидов, Панҷакент Алишер Мутрибов,   Гулистон  Нурмуҳаммад  Мирзоев, Деваштич Ботур Расулов оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли сипаришуда андешаҳо баён доштанд.  Сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ҷиҳати ислоҳи камбудӣ ва боз ҳам пешрав гардидани фаъолияти маорифчиёни шаҳру ноҳияҳои зикршуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Корманди масъули Прокуратураи вилоят Донохон Ҷӯраева аз натиҷаҳои санҷиши прокурорӣ дар мавриди дафтардорӣ, таъмини иҷроиши санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ба танзим даровардани маблағгузории сарикасӣ, роҳ надодан ба таъиноти шахсони масъули молиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби хешовандони наздик ва ғайра гузориши муфассал ироа дошт.

Сипас, нақшаи кории Раёсати маорифи вилоят барои нимсолаи аввали соли 2021 аз ҷониби ҳозирин тасдиқ гардида, оид ба натиҷаҳои рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2017, №544 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020»  дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов, рафти баргузории аттестатсияи кормандони соҳаи маорифи ноҳияҳои Зафаробод, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят Сафия Каримова ибрози андеша намуд.

Оид ба  масъалаҳои баррасишуда ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, пешгирии зуҳуроти номатлуб, иҷроиши саривақтии дастуру супоришҳои ироагардида сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Дар хотимаи ҷаласа оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор муҳокима ва қабул гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share