27 январи соли 2021 дар шаҳри Истаравшан бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” даври шаҳрии “Озмуни дастархонороӣ” баргузор гардид.
Ҳайати ҳакамон бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода аз намоиши таомҳои миллӣ дидан намуда, ба фарҳанги дастархонороӣ ва истеъдоди ҳар як иштирокчии озмун баҳои баланд доданд.
Дар озмун ҷои аввал насиби бонувони моҳири Ҷамоати деҳоти Ниҷонӣ, ҷои дуюм насиби дастархонороёни Ҷамоати деҳоти Сабристон, ҷои сеюм насиби кадбонуҳои Ҷамоати деҳоти Гули сурх ва ҷои чорум насиби кадбонуҳои Ҷамоати деҳоти Зарҳалол гардид.
Дар ҷамъбаст муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занону бонувон ёдовар гардида, зикр намуд, ки дар шароити имрӯза аз ҷониби Ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Ҳамзамон муовини раиси шаҳр аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба иштирокдорони озмун барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ баён намуда, ба ғолибони озмун диплом ва тӯҳфаҳои хотиравиро супорид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд