Хабарҳо
Раҷаббой Аҳмадзода занону бонувони собиқадорро бахшида ба Рӯзи Модар табрик намуд - 07.03.2021 18:28
Раҷаббой Аҳмадзода бонувони собиқадори арсаи сиёсат, маориф, иқтисодиётро аёдат кард ва бо Рӯзи модар табрик намуд - 06.03.2021 18:25
Баргузории ярмарка - фуруши маҳсулоти кишоварзӣ - 06.03.2021 15:19
“Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад”-бардошт аз чорабинии идона дар шаҳри Исфара - 05.03.2021 20:44
Дар ноҳияи Ашт Рӯзи Модарро бо шукуҳи хоса ҷашн гирифтанд - 05.03.2021 20:24
Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар бо ҳузури Озарахшу Фарзона маҳфили «Ширу шакар» доир шуд - 05.03.2021 16:32
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот намуданд - 05.03.2021 16:19
Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани нерӯи таълимии мактаб дар пешгирии ифротгароии хушунатомез» - 05.03.2021 14:51
Истаравшан. Соҳибкор Ҳакимова Рухшона коргоҳи хурди қаннодиро мавриди истифода қарор дод - 05.03.2021 14:48
Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Бӯстон - 05.03.2021 14:42

Хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмиллалии BRICMATH-2020 соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд

( 0 Овоз )

Ғолибони 4 - умин олимпиадаи байналмиллалии BRICMATH-2020 аз фанни математика, ки аз ҷониби кишварҳои узви паймони БРИКС (маммолики Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) ташкил карда шуда буд, эълон гардид.

Дар қатори беш аз 2 миллион иштирокчӣ аз 7 кишвари олам, 22 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд низ дар олимпиадаи мазкур аз фанни дақиқ бо забони англисӣ тариқи фосилавӣ (онлайн) иштирок намуда, аз онхо 15 нафар хонандагон мақоми аввал ва ғолибиятро дар озмуни мазкур ба даст оварда, бо Диплом ва медалҳо сазовор гардиданд.

Тибқи иттилои директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Неъматова  дар натиҷаи ҷамъбасти озмуни сатҳи чаҳонӣ хонандагон литсей — Ибрагимов Сарвар, Раҳимов Меҳрвар, Ибрагимов Раҳимҷон, Тоҷибоев Абдухолиқ, Акрамӣ Назокат, Каримов Анушервон, Абдуқодиров  Мирзоибодулло, Собирзода Меъроҷ, Раҳимов Абубакр, Раҷабов Наврӯзшоҳ, Орипов Абубакр  Шукуров Баҳодур, Аҳмадов Самад бо ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ шарафи Тоҷикистонро дар ин озмун ҳимоя намуданд.

Бояд қайд намуд, ки Олимпиадаи ҷаҳонии  BRICMATH-2020 аз фанни математика аз ҷониби кишварҳои узви паймони БРИКС (кишварҳои Бразилия, Россия, Хиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) ташкил карда шуда, дар он хонандагони синфҳои 1-11 аз кишварҳои гуногуни олам иштирок мекунанд. Имсол соли 4 ум аст, ки олимпиадаи мазкур ташкил карда шуда, бо сабаби пандемияи коронавирус озмун тариқи фосилавӣ сурат гирифт.

Ҳадафи асосии озмун ин ҷалби кўдакон ба фанҳои дақиқ, аз ҷумла риёзӣ ва рушди тафаккури мантиқии хонандагон мебошад.

Лозим ба таъкид аст, ки дар соли хониши 2020-2021 Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ дар кишварҳои Таиланд, Туркия(Анталия) , Федератсияи Россия(Москва) иштирок намуда, 39 медалро ба даст оварданд, ки аз ин микдор 22 медали тилло, 8 медали нуқра ва 9 медали биринҷиро ташкил дода, ин натиҷа дастоварди беназири мактабиён ба ҳисоб меравад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмиллалии BRICMATH-2020 соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд