Хабарҳо
Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар бо ҳузури Озарахшу Фарзона маҳфили «Ширу шакар» доир шуд - 05.03.2021 16:32
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот намуданд - 05.03.2021 16:19
Баргузории семинари омӯзишӣ «Баланд бардоштани нерӯи таълимии мактаб дар пешгирии ифротгароии хушунатомез» - 05.03.2021 14:51
Истаравшан. Соҳибкор Ҳакимова Рухшона коргоҳи хурди қаннодиро мавриди истифода қарор дод - 05.03.2021 14:48
Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Бӯстон - 05.03.2021 14:42
55,6%-и кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бонувон ташкил медиҳанд - 05.03.2021 14:39
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Ҷумҳурии Туркия сафар мекунанд - 05.03.2021 10:27
Паёми табрики Раиси вилоят ба муносибати Рўзи Модар - 05.03.2021 09:55
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 14-умин Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) иштирок намуданд - 05.03.2021 09:51
Раҷаббой Аҳмадзода: Занон дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми худро гузошта истодаанд - 04.03.2021 16:21

Дар Истаравшан бинои истиқоматии бисёрошёна ва маркази савдо ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

19 январ дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонии шаҳр бинои истиқоматии бисёрошёна ва маркази савдо мавриди истифода қарор гирифт.

Бинои истиқоматии бисёрошёна бо маркази савдо дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкор Фирдавс Абдураҳимов бунёд гардида, аз 46 ҳуҷраҳои истиқоматӣ иборат аст. Лоиҳаи бино аз ҷониби ҶДММ «Меъмор-М» таҳия шуда, корҳои сохтмониро сохтмончиёни ҶДММ “Ободкор-2014” ба иҷро расонидаанд.

Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ чор миллиону сесаду ҳабдаҳ ҳазор сомонӣ масраф шудааст. Дар маркази савдо ва хизматрасоние, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, 9 нафар бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд.

Раиси вилоят пас аз ифтитоҳи бинои мазкур бо лоиҳаҳои иншооти дар хиёбони марказӣ – хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ бунёдшаванда шинос гардида, барои такмили лоиҳаҳо тавсияҳо дод.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ боздид карда, барои ба фурӯш гузоштани маҳсулоти дастии ҳунармандон ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Истаравшан бинои истиқоматии бисёрошёна ва маркази савдо ба истифода дода шуд