Хабарҳо
Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар бо ҳузури Озарахшу Фарзона маҳфили «Ширу шакар» доир шуд - 05.03.2021 16:32
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот намуданд - 05.03.2021 16:19
Баргузории семинари омӯзишӣ «Баланд бардоштани нерӯи таълимии мактаб дар пешгирии ифротгароии хушунатомез» - 05.03.2021 14:51
Истаравшан. Соҳибкор Ҳакимова Рухшона коргоҳи хурди қаннодиро мавриди истифода қарор дод - 05.03.2021 14:48
Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Бӯстон - 05.03.2021 14:42
55,6%-и кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бонувон ташкил медиҳанд - 05.03.2021 14:39
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Ҷумҳурии Туркия сафар мекунанд - 05.03.2021 10:27
Паёми табрики Раиси вилоят ба муносибати Рўзи Модар - 05.03.2021 09:55
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 14-умин Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) иштирок намуданд - 05.03.2021 09:51
Раҷаббой Аҳмадзода: Занон дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми худро гузошта истодаанд - 04.03.2021 16:21

Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Истаравшан

( 0 Овоз )

19 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар Раиси вилоят нахуст ба манзили Бобоев Насимҷон, сокини Ҷамоати деҳоти Зарҳалол ташриф оварда, бо захираи маводии ғизоии ин оила шинос шуд. Оилаи Бобоевҳо аз ҳашт нафар иборат буда, замини наздиҳавлигии онҳо 0,08 га мебошад. Бобоев Насимҷон ва аҳли оилаи ӯ аз қитъаи замини наздиҳавлигии худ самаранок истифода бурда, дар ҳавлии хеш гармхонаи хурд ташкил намудаанд, ки дар он кӯчати помидор, қаламфури булғорӣ ва кабудиҳо парвариш карда мешавад.

Насимҷон ва фарзандонаш ҳамзамон барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани фасли зимистон маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, картошка, пиёз, биринҷ, шакар, макарон, асал, мавизу чормағз ва консерваҳоро захира намудаанд.

Раиси вилоят ҳини суҳбат бо оилаи Бобоевҳо таъкид кард, ки захира намудани маҳсулот барои рӯзғор анъанаи хуби мардуми тоҷик буда, бояд ҳар як оила бо истифода аз имконоти худ маҳсулоти барои рӯзгор заруриро нигаҳдорӣ намояд.

Сипас, Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Зарҳалол собиқадори меҳант Роҳат Азимова аёдат кард. Роҳат Азимова 1 октябри соли 1948 дар деҳаи Лакат таваллуд ёфта, беш аз 40 сол дар хоҷагии қишлоқ кор кардааст. Ӯ соҳиби 7 фарзанд ва 45 набераву абера буда, дар иҳоати фарзандону наберагон зиндагии осоишта дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода аснои суҳбат бо собиқадор иброз дошт, ки роҳбарияти вилоят бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии нафақагирон ва собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста ғамхорӣ намуда, ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Истаравшан