Аз 19 то 23 январи соли 2021 вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо интихобкунандагон вохӯриҳо доир менамоянд.
Вохӯриҳои вакилон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сурат гирифта, вакилон ба интихобкунандагон оид ба иҷрои ваколати вакилӣ ва вазъи соҳаҳои гуногун гузориш дода, перомуни масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, самаранок истифода бурдани замин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, вусъати корҳои ободонӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суҳбатҳо анҷом медиҳанд.
Дар назар аст, ки мулоқоту вохӯриҳо дар маҳаллаҳои шаҳрҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳо доир гардад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд