Хабарҳо
Фестивали вилоятии заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз...» доир мешавад - 27.01.2021 09:55
Ба таваҷҷуҳи ҳунармандон! Озмуни вилоятии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гузаронида мешавад - 27.01.2021 09:39
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.01.2021 13:05
Соли 2021 тамоми кишоварзони Тоҷикистон аз пардохти андози ягонаи замин озод гардиданд - 26.01.2021 15:04
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ муташаккилона тамошо карданд - 26.01.2021 13:31
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» - 26.01.2021 12:51
Ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 25.01.2021 15:39
Ифтитоҳи бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан - 25.01.2021 15:37
Пирӯзии ду дастаи вилояти Суғд дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи байналмилалии робототехникӣ - 25.01.2021 15:34
Ба Шӯроб хати оби тозаи нӯшокӣ кашида шуд - 25.01.2021 09:22

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 10,8 млрд. сомонӣ баробар шуд

( 0 Овоз )

Кишоварзони вилояти Суғд соли 2020 бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин ва ҳосилнокии зироатҳо, инчунин ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи замин ва об корҳои муайянро ба анҷом расонида, дар самти амалисозии рушди устувори соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2021 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят наздик ба 10,8 млрд. сомонӣ расид, ки дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 110,5 фоизро ташкил мекунад. Аз ҷумла нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 108 фоиз ва соҳаи чорводорӣ 117,3 фоиз таъмин карда шуд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ғалладонагиҳо 351 ҳазору 374,6 тонна,  гандум 139 ҳазору 562,3 тонна, пахта 126 ҳазору 011,8 тонна, картошка 512 ҳазору 069,1,  сабзавот 561 ҳазору 187,2 тонна, полизиҳо 151 ҳазору 820,3 тонна, меваҷот 139 ҳазору 395,4 тонна, ангур 50 ҳазору 573,2 тонна, гӯшт 66 ҳазору 594,2 тонна, шир 272 ҳазору 960,3 тонна, тухм зиёда аз 594,6 млн. дона, пашм 1550 тонна, пилла 142,8 тонна, асал 1458,5 тонна ва гӯшти моҳӣ ба 869,7 тонна истеҳсол гашт.

Ёдовар бояд шуд, ки кишоварзони вилоят соли гузашта баҳри дар амал татбиқ намудани Барномаҳои давлатӣ дар 233 ҳазору 659 гектар кишти зироатҳоро ба роҳ монда буданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 10,8 млрд. сомонӣ баробар шуд