Хабарҳо
Фестивали вилоятии заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз...» доир мешавад - 27.01.2021 09:55
Ба таваҷҷуҳи ҳунармандон! Озмуни вилоятии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гузаронида мешавад - 27.01.2021 09:39
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.01.2021 13:05
Соли 2021 тамоми кишоварзони Тоҷикистон аз пардохти андози ягонаи замин озод гардиданд - 26.01.2021 15:04
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ муташаккилона тамошо карданд - 26.01.2021 13:31
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» - 26.01.2021 12:51
Ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 25.01.2021 15:39
Ифтитоҳи бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан - 25.01.2021 15:37
Пирӯзии ду дастаи вилояти Суғд дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи байналмилалии робототехникӣ - 25.01.2021 15:34
Ба Шӯроб хати оби тозаи нӯшокӣ кашида шуд - 25.01.2021 09:22

Суғд: Ба маблағи 15 миллиарду 401,5 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд

( 0 Овоз )

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар вилояти Суғд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, истифодаи самаранок аз манбаъҳои ашёи хоми ватанӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, барои зиёд намудани шумораи корхонаҳо пайваста талош менамояд. Дар натиҷаи тадбирандешиҳо соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 107 корхонаи нав бо 1570 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Ҳамзамон дар соли гузашта корхонаҳои саноатии вилояти Суғд якҷо бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 15 миллиарду 401,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2019 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 117,4 фоизро ташкил кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд: Ба маблағи 15 миллиарду 401,5 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд