Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент аз таҳияи лоиҳаи “Рамзи Китоб” хабар дод, ки бунёди он дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, дар ҳалқаи роҳи автомобилгарди назди бинои меҳмонхонаи “Саразм – Плаза” ва муҷассамаи “Деваштич” ба нақша гирифта шудааст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, “Рамзи Китоб” - ифодакунандаи сухандону сухансанҷ, китобхону китобдор ва эҷодкору фарҳангпарвар будани мардуми тоҷик, аз ҷумла сокинони шаҳри Панҷакенти бостонӣ мебошад ва он як гӯшаи шаҳри азизамонро зебову дилрабо хоҳад гардонд.
“Рамзи Китоб” бо баландии 14 метр дар маркази шаҳри Панҷакент қомат хоҳад афрохт. “Рамзи Китоб” дорои 5 сутунпоя буда, ин сутунпояҳо бо нақшу нигор ва унсурҳои миллӣ ифода ёфтаанд.
Дар болои сутунпоя лавҳаи электронӣ ҷойгир карда мешавад, ки дар он мисраъҳо аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик мунтазам пахш мегарданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо пешниҳоди лоиҳаи “Рамзи Китоб” аз сокинон даъват намудааст, ки бо мақсади такмили лоиҳа пешниҳодоти худро ироа менамояд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд