4 январ дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони маркази вилоят доир гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вакилон Рустам Раҳматзода, Раъно Бобоҷониён ва Гулбаҳор Назирӣ роҷеъ ба самтҳои муҳими фаъолияти Парлумони мамлакат, дастовардҳои муҳими истиқлол, фарҳанги истифодаи замин, эҷоди қонунҳои нав, шарҳи Муроҷиатномаи Ширкати «Барқи тоҷик», самароварии коркарди ниҳоии маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани рӯҳияи худшиносививу худогоҳӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, мубориза бар зидди ифротгароӣ ва дигар масъалаҳо сухан гуфтанд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки ҳадафи олии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакатро муҳайё намудани зиндагии шоиста барои мардум ташкил медиҳад. Дар ин самт ҳамагонро мебояд зери ғояи ваҳдати миллӣ ба пешвози 30-солагии Истиқлоли давлатӣ камари ҳиммат баста, ватанамонро боз ҳам ободу зебо намоянд.
Зимни мулоқот иштирокдорон аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суолу дархост ва пешниҳоди худ посух гирифтанд.
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон то 9 январ идома меёбад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд