Ба таваҷҷуҳи олимону журналистон: Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» гузаронида мешавад.

Озмуни мазкур бо мақсади тарғиби сиёсати давлатӣ дар соҳаи экология, инъикоси воқеъбинонаи масоили экологӣ, ҷалби гуруҳҳои эҷодӣ, олимон, журналистон, коршиносон, мутахассисон ва доираи васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳифзи манфиатҳои давлатӣ гузаронида шуда, шахсони алоҳида ва гуруҳҳои эҷодӣ метавонанд дар он иштирок намоянд. Иштирокчиён маводи худро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод карда метавонанд. Ҳаҷми асар ва маводи пешниҳодшаванда маҳдуд набуда, асару мақолаҳо бояд мавзуъҳои 30 соли истиқлоли давлатӣ -қадамҳои устувор дар ҳифзи муҳити зист, тағирёбии иқлим ва чораҳои пешгирии он, мутобиқсозии иқтисодиёти кишвар ба оқибатҳои ногувори экологӣ, истифодабарии устувори захираҳои обию энергетикӣ, инъикоси мавқеъ ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла истифодабарии оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ, тарбия ва маърифати экологии аҳол ва амсоли инро дар бар гирад.

Ба ғолибони озмун ба миқдори 5000 сомонӣ(як ҷой), 3500 сомонӣ(ду ҷой) ва 2000(панҷ ҷой) сомонӣ мукофотҳои пулӣ дода мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share