Ҷаласаи панҷуми Шўрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид

( 0 Овоз )

18 ноябри соли 2020 дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ҷаласаи панҷуми Шўрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ дар назди мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар кори Шўро аъзоёни Шўрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳии вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони бахшҳои рушди сайёҳӣ, намояндаггони васоити ахбори омма ва ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур рушди сайёҳӣ дар вилояти Суғд, мушкилиҳо ва роҳҳои бартараф намудани онҳо ва рафти иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи чоруми Шўрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баррасӣ карда шуд.

Муовини Раиси вилоят зикр намуд, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ба соҳаи сайёҳӣ таваҷўҳи хоса зоҳир гардида, як қатор ташаббусҳои созанда нисбати рушди ин соҳаи муҳими иқтисодӣ амалӣ гардиданд.

Дар ин радиф, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор намуда, таваҷҷўҳи сайёҳони хориҷӣ рўз аз рўз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд зиёд гардид.

Барои рушди соҳаи сайёҳӣ имрӯз тамоми заминаҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ таъмин буда, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 қабул гардида, Нақшаи амалӣ Стратегия дар вилоят барои солҳои 2019-2022 тасдиқ карда шудааст.

Барои рушди сайёҳӣ бояд имкониятҳои сайёҳии ҳар як шаҳру ноҳияҳо ва мавзеъҳои сайёҳии вилоят ба таври зарурӣ ва самаранок истифода карда шаванд.

Мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят – Абдумаҷид Раҳимов оид ба иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи чоруми Шӯрои байнидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод.

Дар рафти ҷаласа гузориши роҳбарони сохторҳои вилоятӣ ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо низ шунида шуд.

Дар охир баҳри рафъи ислоҳи камбудию мушкилиҳои ҷойдошта ва иҷрои босифату пурраи ҳар як банди Протоколи ҷаласаҳои Шӯрои вилоятӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.


Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share