Нақши Пешвои миллат дар пойдории сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон

( 2 Овоз )

Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар кафедраву факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон силсилачорабиниҳои илмиву тарбиявӣ гузаронида шуд.

Дар раванди чорабиниҳо аз ҷониби донишҷӯёну ҷавонони фаъол дар мавзуъҳои “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи ҷавонон”, “Нақши асарҳои Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон”, ”Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар инкишофи қонунгузории миллӣ”, “Муаррифии асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Пешвои миллат ифтихори ҷавонон”, “Эмомалӣ Раҳмон​ —​ Пешвои миллат”, “Нақши Пешвои миллат дар пойдории сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон” маърӯзаҳо ироа гардид.

Дар китобхонаи илмии​ донишгоҳ бошад байни донишҷӯён озмун бо номи “Донандаи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” гузаронида шуд.

Баргузории чунин озмуну чорабиниҳо бо мақсади эҳтирому гиромидошти заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайравӣ ба кору пайкори мондагорашон мебошад.

Рӯзҳои оянда низ дар кафедраву факултетҳои донишгоҳ баргузории конфронсу мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои тарбиявиву илмӣ баъшида ба Рӯзи Президент дар назар аст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share