Вусъати корҳои безараргардонӣ дар шаҳри Хуҷанд

( 0 Овоз )

Бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии сокинон ва меҳмонони маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза ​ тадбирҳои безараргардонии сартосарӣ аз ҷониби сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту​ шаҳр​ амалӣ ​ гардида истодааст.

Ин иқдом тибқи дастуру супоришҳои раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» сурат гирифта, пеш аз ҳама маконҳои осебпазир мавриди безараргардонӣ қарор мегиранд

Чанде пеш​ корҳои безарагардонӣ дар бозорҳои марказии “Панҷшанбе” ва “Афросиёб” бо ҷалби як қатор кормандони воҳидҳои махсуси хадамоти оташнишонӣ,​ Маркази назорати давлатии санитарию эпидмологии вилоят ва дигар сохторҳои шаҳрдорӣ бо сафарбаркунии мошинҳои махсус ва дастгоҳҳои безараргардонӣ сурат гирифт.

Корҳои тамизгардонӣ ҳамчунин дар маҳҳалаи “Бофанда”-и шаҳр, ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ ба роҳ монда шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share