“Рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ” – таҳти ин унвон семинари омӯзишӣ доир шуд

( 0 Овоз )

Бо ташаббуси шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари омўзишии вилоятӣ дар мавзўи “Рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ” баргузор гардид.​

Семинари мазкур якҷо бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҷиҳати татбиқи самараноки “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” гузаронида шуда, дар он намояндагони шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, масъулини бахши рушди сайёҳии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони осорхона, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, роҳбарияти донишгоҳҳо, коршиносони соҳа, омўзгорону донишҷўёни риштаи сайёҳӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар рафти семинар масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар бахши сайёҳӣ, тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, масъалаҳои тайёр намудани кадрҳои соҳавӣ, роҳбаладони касбӣ, ба роҳ мондани барномаҳои стандарти ягона барои ихтисосҳои соҳаи сайёҳӣ, гузаронидани корҳои илмӣ - тадқиқотӣ дар мавзеъҳои сайёҳӣ, ташаккули фарҳанги сайёҳӣ, рушди сайёҳии дохилӣ, таҳияи хатсайри нави сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид карда шуд, ки ​ вилояти Суғд дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва заҳираҳои табиӣ мебошад, ки барои рушди туризми дохилӣ ва ҳам қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, барои муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳону ҷаҳонгардон бояд аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурд.

Дар хотима атрофи мавзӯъҳои матраҳгашта миёни иштирокчиён табодули андеша сурат гирифт.​

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share