Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят аз​ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” - 20.10.2020 17:00
Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи “Роҳат” дар ноҳияи Спитамен - 20.10.2020 11:47
Исфара. Соҳибкорон Ӯлмасовҳо бо харҷи 30 миллион сомонӣ мактаби замонавӣ бунёд менамоянд - 20.10.2020 09:07
ТАЪСИСИ ШУЪБАИ ТАБОБАТИ НУРӢ: МУСОИДАТ БА БЕҲДОШТИ СОЛИМӢ - 19.10.2020 14:35
ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ РАҚОБАТПАЗИР – ИҚДОМИ НЕК - 19.10.2020 14:32
Тоҷикистон кофтукови айбдоршаванда дар ҷинояти қаллобиро, ки дар Аврупо пинҳон шудааст, эълон кард - 18.10.2020 14:03
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ-табобатии «Шифобахши Аср»-ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 17.10.2020 15:40
Ифтитоҳи хатҳои нави технологии истеҳсоли шароб аз ангур, маҳлули безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ дар ҶДММ «Сайҳун» дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон - 17.10.2020 15:43
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хати нави технологӣ оид ба истеҳсоли 10 намуд кулчақанд дар ҶДММ «Маҳмудов Ғ»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд - 17.10.2020 15:45
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид ва дар Иди меҳргон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд - 17.10.2020 16:05

Қалоб дар кафтукоб

( 0 Овоз )

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабутов Неъматулло Бадриддинович, Холов Сиёвуш Имомқулович ва Қаюмов Носиҳиддин Шарифович бо аризаи шикоятӣ нисбат ба кирдорҳои қаллобии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович, санаи таваллудаш 15-уми майи соли 1978, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, муроҷиат карданд.



Баррасӣ ва санҷиши аризаҳо нишон дод, ки Садуридинов М.Қ. моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб, дар ҳузури шоҳидон шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон Давронов М., Эркинов X. ва шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Шерматов Ч. бо роҳи қаллобӣ, даромадан ба боварӣ, бо овардани ривоятҳо аз қуръон ва ҳадисҳо аз пайғамбарони дини ислом, аз шаҳрвандони ҶТ Кабутов Н.Б. 130 000 доллари ИМА, аз Холов С.И. 120 000 доллари ИМА ва аз Қаюмов Н.Ш. 180 000 доллари ИМА (ҷамъан 430 ҳазор доллари ИМА) гирифта, ваъда медиҳад, ки дар баробари маблағи аз онҳо гирифтааш, ҳармоҳа аз 10 то 12 % фоида хоҳад дод.  Барои ба даст овардани боварӣ, Садуридинов М.Қ. ду моҳи аввал аз маблағи додаашон 5-6 % маблағи пулиро ҳамчун даромади бадастомада бармегардонад ва баъди сипарӣ шудани ду моҳ, ба Кабутов Н.Б., Холов С.И. ва Қаюмов Н.Ш. дар бораи муфлис шудани тиҷорати худ хабари бардурӯғ дода, ҳар гуна баҳонаҳоро пеш оварда, моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубайи АМА ба шаҳри Бишкек ва аз он ҷо ба макони қарордошти имрӯзааш Аврупо фирор мекунад.

Ҳамин тариқ, Садуридинов М.Қ. бо кирдори қаллобонаи худ, 430 000 доллари ИМА-ро тасарруф карда, ба шаҳрвандони зикргардида зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст.

«Бо дарназардошти он, ки дар кирдорҳои Садурдинов Муҳаммадиқбол Қаландарович аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ бо расонидани зарари махсусан калон) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавҷуданд, нисбати номбурда парвандаи  ҷиноятӣ оғоз ва кофтукови расмӣ эълон карда шуда,  тафтишоти пешакӣ бо он идома дорад.».

Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, дар сурате, ки аз рафторҳои қаллобии Садуридинов М. ҷабр ё зарар дида бошанд, метавонанд ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ


http://www.prokuratura.tj/news-tj/1152-ba-khudkushi-rasonidan-28.html


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Қалоб дар кафтукоб