Хабарҳо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳринав мулоқот намуданд - 30.09.2020 17:17
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боғи фарҳангӣ-фароғатии шоҳ Исмоили Сомониро дар ноҳияи Шаҳринав ифтитоҳ намуданд - 30.09.2020 17:14
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шаҳринав мавриди истифода қарор доданд - 30.09.2020 17:12
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро дар деҳаи Қаҳрамони деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав мавриди истифода қарор доданд - 30.09.2020 17:10
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳринав ифтитоҳ намуданд - 30.09.2020 17:06
Онлайн-конференсия: «Аккредитатсияи байналмилалӣ – омили баланд бардоштани сифати таълим» - 30.09.2020 15:15
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ - 29.09.2020 10:53
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 29.09.2020 11:01
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Хуҷанд - 30.09.2020 13:35
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов мулоқот намуданд - 30.09.2020 08:12

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент ҶСП «Мармари Саразм»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

( 0 Овоз )

12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар шаҳри Панҷакент баъд аз таҷдиду муҷаҳҳазгардонӣ Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Мармари Саразм»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи «Мармари Саразм» дар заминаи татбиқи ҳадафҳои стратегияи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори ҶСП «Корпоратсияи Сомон-Суғд» фаъол карда шуд.

Корхонаи мазкур бо ҷалби 30 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор дароварда шуда, аз коргоҳҳои ояндадори минтақа дониста мешавад. Кор дар ин ҷо тавассути техникаҳои муосири соҳавӣ ва бо ҷалби мутахассисони варзидаи маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи фаъолияти минбаъдаи корхона 15 гектар кони санги травертинро аз ҳисоби заминҳои атроф ҷудо кард.

Корхонаи мазкур аз соли 1995 бо дарназардошти захираи азими Кони мармари «Тиллогул»-и деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент ба фаъолият оғоз карда буд. Давоми солҳои охир бо сабаби дурии роҳ дастрасӣ ба ашёи хом аз ин мавзеъ душвор гардид ва он аз фаъолият бозмонд.

Дар доираи иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон ва ҷиҳати амалисозии мақсадҳои стратегияи миллии саноатикунонии босуръати мамлакат Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Мармари Саразм» дубора ба фаъолият оғоз кард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тадбирҳои навсозӣ дар иншооти мазкур баҳои баланд дода, соҳибкоронро ҳидоят карданд, ки бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва фароҳам шудани шароити мусоиди корӣ, барои инкишофи бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро васеъ ба роҳ монда, дар рушди саноатикунонии мамлакат бештар ҳисса гузоранд.

Мутахассисон исбот кардаанд, ки кони «Тиллогул» аз мавзеъҳои бой ва ояндадор аст ва мармари он сифати баланд дорад. Ба хотири истеҳсол кардани маҳсулоти рақобатпазир ва роҳ ёфтан ба бозори минтақа, имрӯзҳо омӯзиши кон бо ҷалби ҳайати Экспедитсияи иктишофӣ-геологии «Моғиён» ва истеҳсоли оҳаксанги ороишии травертимонанд дар заминаи оҳаксанг дар деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент роҳандозӣ гардидааст. Ин мавзеъ дар деҳаи «Тагоби халқ» ҷойгир буда, талабот ба оҳаксанги ороишии травертимонанд беш аз пештара рӯ ба афзоиш дорад.

Маҳсулоти истеҳсолии «Мармари Саразм» дар иншооти бузурги меъморие, ки бо тарҳи милливу муосир дар гӯшаҳои гуногуни кишварамон бунёд меёбанд, истифода гардида, дорои сифати баланд мебошад.

Дар саҳни корхонаи «Мармари Саразм» намунаҳои маҳсулоти истеҳсолӣ ва тарзу усулҳои коркарди мармар ва оҳаксанги ороишии травертимонанд ба намоиш гузошта шуданд.

Дар ин намоишгоҳ дигар корхонаҳои коркарди санги шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ иштирок карда, маҳсулоти истеҳсолкардаи коргоҳҳои худро ба маъраз гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони маҳаллиро нишонаи возеҳи дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, онҳоро ба саҳмгузории бештар дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ҳидоят намуданд.

Соҳибкорон ваъда доданд, ки бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамовардаи давлат дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми бештар хоҳанд гузошт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент ҶСП «Мармари Саразм»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд