Хабарҳо
Ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 дар ноҳияи Спитамен - 28.09.2020 14:22
Ташрифи намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 28.09.2020 12:22
Евгений Козяк – намояндаи комиссияи интихоботии ИДМ: Дар Суғд омодагӣ ба интихобот дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст - 28.09.2020 12:17
«Аҳамияти меъмории таърихию фарҳангӣ дар рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон» — таҳти ин унвон дар маркази вилоят конференсияи илмӣ доир шуд - 28.09.2020 12:04
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" муайян гардиданд - 28.09.2020 12:00
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг - 28.09.2020 09:56
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи заргарии «Одина»-ро дар ноҳияи Ховалинг ифтитоҳ намуданд - 28.09.2020 09:55
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қисми мустақили 55-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизатро дар ноҳияи Ховалинг ифтитоҳ намуданд - 28.09.2020 09:52
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро дар шаҳраки Ховалинг ифтитоҳ намуданд - 28.09.2020 09:50
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шаҳраки варзиширо дар деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг мавриди истифодабарӣ қарор доданд - 28.09.2020 09:49

Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст

( 0 Овоз )

Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —​ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ барои сокинони шаҳраки ангиштканон – Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардида, корҳои бунёдӣ дар ин самт вусъат меёбанд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси шаҳр хабар доданд.

Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим зимни боздиди хеш аз шаҳраки Шӯроб бо рафти корҳои сохтмонии ин иншооти ҳаётан муҳим аз наздик ошно шуда, ба масъулин вобаста ба ҳамкорӣ бо ташкилоти сохтмонӣ ва мусоидат ҷиҳати саривақт ва босифат бунёд намудани иншооти обрасон дастурҳои мушаххас дод.

Дар асоси лоиҳа, ки арзиши умумии он 14 миллион сомониро ташкил медиҳад, об аз дарёи Исфара ба дарозии беш аз 11 километр тавассути қубурҳои баландфишор ба шаҳраки Шӯроб интиқол дода мешавад. Дар Шӯроб ду ҳавз бо ғунчоиши умумии 5 ҳазор метри мукааб сохта шуда, дар масофаи наздик 6 километр қубурҳо хобонида шудааст.

Барои пурсамар фаъолият намудани иншоот агрегатҳои нав харидорӣ ва насб карда хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи супориши Сардори давлат 8 январи соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва 13 январи соли 2020 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади мусоидат ҷиҳати ҳалли мушкилоти сокинони шаҳраки Шӯроб сафарҳои корӣ анҷом дода буданд.

Роҳбарияти шаҳри Исфара айни замон ҳолати кунунии иншооти хусусикардашудаи шаҳракро мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, ҳамзамон барои тармим ва азнавсозии биноҳои истиқоматӣ, таъмини шароити зарурии зист, бунёди иншооти иҷтимоӣ, афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли ангишт дар ҶСШК «Ангишт» якҷо бо идораю сохторҳои ҷумҳурӣ ва вилоятӣ чораҷӯӣ дорад.

Мавриди ёдоварист, ки бо назардошти шаҳраки саноатӣ будани Шӯроб дар замони шӯравӣ миллату қавмҳои гуногун дар он маскун гардида, дар шаҳрак то 15 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекард. Ҳоло бошад тибқи ҳуҷҷатҳои бақайдгирии аҳолӣ наздик 3000 нафар умр ба сар мебаранд.

Нақшаи генералии шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара санаи 27 сентябри соли 2017 дар иҷлосияи 12-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум тасдиқ гардидааст.

Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон проблемаи норасоии оби нӯшокии сокинони шаҳрак ҳал гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беморхона, мактаб ва кӯдакистони Шӯроб таъмиру навсозӣ карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст