Хабарҳо
Ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 дар ноҳияи Спитамен - 28.09.2020 14:22
Ташрифи намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 28.09.2020 12:22
Евгений Козяк – намояндаи комиссияи интихоботии ИДМ: Дар Суғд омодагӣ ба интихобот дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст - 28.09.2020 12:17
«Аҳамияти меъмории таърихию фарҳангӣ дар рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон» — таҳти ин унвон дар маркази вилоят конференсияи илмӣ доир шуд - 28.09.2020 12:04
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" муайян гардиданд - 28.09.2020 12:00
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг - 28.09.2020 09:56
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи заргарии «Одина»-ро дар ноҳияи Ховалинг ифтитоҳ намуданд - 28.09.2020 09:55
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қисми мустақили 55-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизатро дар ноҳияи Ховалинг ифтитоҳ намуданд - 28.09.2020 09:52
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро дар шаҳраки Ховалинг ифтитоҳ намуданд - 28.09.2020 09:50
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шаҳраки варзиширо дар деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг мавриди истифодабарӣ қарор доданд - 28.09.2020 09:49

Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух

( 0 Овоз )

Мардуми созандаю ободкори Ҷамоати деҳоти Ворух ба таъмиру азнавсозӣ ва мумфарш кардани роҳҳои дохилии маҳалҳои зисти худ бо саҳми умум камари ҳиммат бастаанд.

Дирӯз Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим зимни сафари кории худ ба корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳи маҳаллаи Масҷиди Болои ҷамоати деҳоти мазкур оғоз бахшид.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳр Сулаймонзода Акрам Раҳим​ қабл аз оғози корҳо бо сокинони маҳалла суҳбат ороста, аз ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру деҳоти Исфара ёдовар гашт ва ташаббусу иқдомоти созандаи мардуми деҳа, саҳмгузории муҳоҷирони меҳнатии ватандӯст ва соҳибкорони саховатпешаи бурунмарзии зодаи Ворух ва саъю кӯшишу саҳми сокинони ободкори деҳаро дар ҳалли муҳимтарин мушкилоти иҷтимоӣ ва ободонии маҳалли зист шоистаи таҳсин ва ибрату пайравиҳо арзёбӣ намуд.

Ҷоизи зикр аст, ки дар ташкилу пешбурди корҳо дар самти анзавсозӣ ва мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Масҷиди Боло дар баробари соҳибкорону муҳоҷирин аъзои ҳар як оилаю хонавода ба қадри имкону тавон мусоидату саҳмгузорӣ доранд.

Бино бар суханони раиси ҷамоати деҳоти Ворух Меҳринисо Раҳматова то ба имрӯз сокинони маҳаллаҳои Кӯчаи Қозии Гузар ва Кӯчаи Қозии Тидон низ дар масофаи беш аз 2 километр роҳҳоро таъмиру бетонпӯш намудаанд ва кор дар самти ободонии роҳҳо ва бунёду азнавсозии пулҳо бо иқдоми аҳолӣ беш аз ҳар вақти дигар тақвият ёфтааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух