Хабарҳо
Ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 дар ноҳияи Спитамен - 28.09.2020 14:22
Ташрифи намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 28.09.2020 12:22
Евгений Козяк – намояндаи комиссияи интихоботии ИДМ: Дар Суғд омодагӣ ба интихобот дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст - 28.09.2020 12:17
«Аҳамияти меъмории таърихию фарҳангӣ дар рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон» — таҳти ин унвон дар маркази вилоят конференсияи илмӣ доир шуд - 28.09.2020 12:04
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" муайян гардиданд - 28.09.2020 12:00
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг - 28.09.2020 09:56
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи заргарии «Одина»-ро дар ноҳияи Ховалинг ифтитоҳ намуданд - 28.09.2020 09:55
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қисми мустақили 55-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизатро дар ноҳияи Ховалинг ифтитоҳ намуданд - 28.09.2020 09:52
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро дар шаҳраки Ховалинг ифтитоҳ намуданд - 28.09.2020 09:50
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шаҳраки варзиширо дар деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг мавриди истифодабарӣ қарор доданд - 28.09.2020 09:49

«АСРОРИ САРАЗМ». «Тоҷикфилм» наворбардории филми мустанадро оғоз намуд

( 0 Овоз )

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба муносибати таҷлили 5500–солагии Саразми бостон таҳия ва наворбардории филми мустанади «Асрори Саразм»-ро оғоз намудааст. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Чанде пеш гурӯҳи эҷодии ин муассисаи фарҳангӣ ба сафари корию  эҷодӣ ба шаҳри Панҷакент рафт. Зимни сафар гурӯҳи эҷодӣ аз макони ҳафриёти Саразми бостон, осорхона ва шаҳри Панҷакенти қадимӣ  наворбардорӣ намуд. Ҳамзамон дар макони ҳафриёти Саразм гурӯҳи эҷодӣ бо якчанд олимони таърихшинос,  донишмандон ва бостоншиносон доир ба ҳафриёт ва таърихи ин макон мусоҳибаҳо анҷом дод, ки барои таҳияи филми мустанад зарур мебошанд.

Доираи ҳафриёт афзоиш ёфта, аз ҷониби мутахассисон оромгоҳи Саразми бостон мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода шудааст,-иброз дошт роҳбари  гурӯҳи эҷодӣ, муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Толиб Ғайбуллозода.

Танзим ва банду басти филми мустанад шурӯъ гардида, қарор аст, ки он дар арафаи таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  ба анҷом расида, пешкаши  тамошобинон шавад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «АСРОРИ САРАЗМ». «Тоҷикфилм» наворбардории филми мустанадро оғоз намуд