Хабарҳо
МАҚОМИ АРЗАНДАИ МАОРИФЧИЁН - 14.08.2020 20:40
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди касбии кормандони тиб - 14.08.2020 15:10
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи дониш - 14.08.2020 12:59
Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ - 13.08.2020 20:35
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуданд - 13.08.2020 16:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд - 13.08.2020 15:59
Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ​ китоби​ "Камол дар оинаи пажӯҳиш"​ —​ ро ба нашр расонид - 13.08.2020 15:57
Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тибро ҷашн гирифтанд - 13.08.2020 13:08
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42

САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР – ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ. Дар ҶДММ «Суғд - Пак» 19 миллиону 418 ҳазор дона халтаи полипропеленӣ истеҳсол шудааст

( 0 Овоз )

Бо мақсади боз ҳам тақвияти дастгирии давлатии соҳибкорони ватанӣ, ки фаъолияти босамари онҳо сарчашмаи рушду шукуфоии давлату меҳан маҳсуб меёбад,  бо  пешниҳоди  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар дар мамлакат саноатикунонии босуръати кишвар - ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Дар ин замина дар шаҳри Бўстон якчанд корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ сохта ба истифода дода шуда истодааст.

Бино ба иттилои мудири бахши иқтисод ва саноати шаҳри Бўстон Хуршед Тоҷиев дар шаҳр 32 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо якчанд намуди маҳсулоти саноатӣ, аз он ҷумла маводи озуқаворӣ, шустушўӣ, доруворӣ, сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи аҳолӣ, ки барои пешбурди рузғор, бунёди сохтмонҳо, хати обу барқ ва ғайра зарур аст истеҳсолу пешниҳод мегарданд, ки воридотивазкунанда ва баъди таъминоти бозори дохилӣ ба хориҷи кишвар низ мувофиқи дархост ва шартномаҳо бо ҳамкорони хориҷӣ содирот мешаванд.

Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропелении ҶДММ «Суғд - Пак» низ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, - зикр дошт номбурда.

Иқтидори коргоҳи мазкур 60 миллион дона халтаи полипропеленӣ дар як сол пешбинӣ гардида, дар он зиёда аз 200 таҷҳизот, аз ҷумла таҷҳизоти бофандагӣ, эктрузор, ресандагӣ, чопкунӣ, ламинация ва ғайра васлу насб гардидааст. Асосан таҷҳизот аз давлатҳои Чин, Тайван ва Олмон ворид карда гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки тибқи маълумоти омории шаҳр корхонаи мазкур дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 21 миллиону 496 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,5 фоизро дарбар мегирад. Яъне дар коргоҳи ҶДММ «Суғд -Пак» дар шаш моҳи соли равон 19 миллиону 418 ҳазор дона халтаи полипропеленӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 - ум 122,5 фоизро ташкил медиҳад.

Айни замон мувофиқи маълумоти оморӣ дар корхона 310 нафар корманд кору фаъолият намуда истодаанд. Бўстон шаҳри саноатӣ ба ҳисоб рафта, дар 32 корхонаи саноатӣ мавҷудбуда, 1400 нафар корманд кору фаъолият намуда истодаанд. Дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти хизматрасониҳои пулакии барқу об ва бахши хусусӣ ба 272,2 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95,8 миллион сомонӣ зиёд ё худ 154,3 фоизро ташкил дод. Танҳо дар корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 237,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95,4 миллион сомонӣ зиёд ё худ 167,2 фоизро дарбар гирифтааст.

Боиси қайд аст, ки баҳри амалишавии ҳадафи мазкур дар ин давра дар ҳудуди шаҳр се корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикии ҶДММ  “Сифатпласт”, корхонаи истеҳсоли қубур ва шиферҳои азбестии ҶДММ “Восидзода” ва корхонаи истеҳсоли хўроки паррандаи ҶДММ “Агроҳамкор” бунёд гардида, айни замон дар коргоҳҳои номбурда сокинони шаҳр бо ҷойи кории доимӣ таъмин гардида, кору фаъолият намуда истодаанд.

-Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорони истеҳсолӣ ва коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуда, марҳала ба марҳала теъдоди корхонаҳои саноатӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Бўстон афзуда истодааст, - гуфт Хуршед Тоҷиев.

Нодир ТУРСУНЗОДА

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР – ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ. Дар ҶДММ «Суғд - Пак» 19 миллиону 418 ҳазор дона халтаи полипропеленӣ истеҳсол шудааст