Хабарҳо
МАҚОМИ АРЗАНДАИ МАОРИФЧИЁН - 14.08.2020 20:40
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди касбии кормандони тиб - 14.08.2020 15:10
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи дониш - 14.08.2020 12:59
Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ - 13.08.2020 20:35
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуданд - 13.08.2020 16:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд - 13.08.2020 15:59
Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ​ китоби​ "Камол дар оинаи пажӯҳиш"​ —​ ро ба нашр расонид - 13.08.2020 15:57
Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тибро ҷашн гирифтанд - 13.08.2020 13:08
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42

МО ҶОНИБДОРИ СУЛҲУ АМОНИЕМ!

( 0 Овоз )

МУРОҶИАТНОМАИ Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ​ давлатии вилояти Суғд

​14-уми июли соли равон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, сардорони раёсатҳову мудирони шуъба ва бахшҳо, бонувони собиқадор ва гирандагони стипендияи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Модарон – ҷонибдори сулҳу осоиш” мизи мудаввар баргузор гардид.​

Дар он дар бобати хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти барқарору пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва амну субот дар сарзамини Тоҷикистони офтобрӯя аҳли нишаст андешаҳои хешро изҳор намуданд. Қайд гардид, ки бонувон бояд зиракии сиёсии хешро аз даст надода, бар муқобили мухолифини кишвар, ки суботу якпорчагии Ватани моро чашми дидан надоранд, муборизаи беамон баранд. Набояд пойи нохалафе ба хоки муқаддаси Тоҷикистон бирасад. Занону модарони мо то ҳол он рӯзҳои наҳсу мудҳишеро, ки бародар хуни бародар рехту халқи тоҷик ба вартаи ғарқшавӣ наздик шуда буд, фаромӯш накардаанд. Мардуми калонсоли тоҷик, ки он замон ҳамагӣ бистсолаву чиҳилсола буданд, кӯчаҳои аз одам холӣ, ҷӯйборҳои олуда бо хун, кушта гардидани садҳо нафар бегуноҳон, ҳазорҳо нафар модарони ба ёди писарони шаҳидгаштаашон ҷигарреш, фарзандони бе падару занони бева гардидаро аз хотир набаровардаанд.​

Таъсири чанги шаҳрвандии хонумонсӯз ба он оварда расонд, ки солиёни зиёд мардум гуруснагию қашшоқиро аз сар гузаронанд. Қаҳатӣ ва гуруснагӣ боиси пайдо шудани якчанд бемориҳои сироятӣ ва марги садҳо одамони бесарпаноҳмонда гардид.​

Танҳо хизматҳои арзандаву андешаҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки мардуми ҷафокашида аз парокандагӣ, аз сарсониҳо ва азобу машаққат раҳо ёбад.​

Нахустин иқдоме, ки Сарвари давлат назди халқи ҷафодида ба анҷом расониданд, ин овардани сулҳ буд. “Ман ба шумо сулҳ меорам!” – ин суханони саривақтиву дурандешонаи Сардори давлат, ки он замон хеле ҷавон буданд, дар дили мардуми ғамдидаву пару болшикастаи тоҷик шуълаи умед барафрӯхт. Ба Ватан баргардонидани ҳазорҳо гурезагони тоҷик бошад, ба оинаи дили ғамбори мардуми ҷабрдида равшанӣ ва боварӣ ба фардои дурахшонро ворид сохт.​

Бо мурури замон заҳматҳои мардуми тоҷик таҳти роҳбарии Сарвари сулҳофар - меъмори ваҳдати миллӣ подоши нек дод. Сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат рӯз аз рӯз рушд ёфт. Равзанаи зиндагии орому осуда дари худро ба рӯи халқи меҳнаткашу мушкилнописанди тоҷик боз намуд.​

Қаблан ҳам ва ҳоло низ занону модарони сулҳпарвари тоҷик ба хотири осудагиву ободии Ватан, пойдорию мустаҳкамии оила дар паҳлӯи мардони шуҷоъ маҳнати ҳалол карданд. Дар баробари ин, тавлид ва тарбияи насли ояндасоз низ рисолати ҳамешагии модарон буду ҳаст.​

Нодида гирифтани пешрафту тараққиёти Тоҷикистони биҳиштосо аз ҷониби иддае аз мухолифин дар дили мо - модарону бонувон, ҳисси нафрату адоватро нисбати онон бедор месозад. Нафаре, ки худ дар Тоҷикистони офтобрӯя таваллуд шуда, аз обу ҳавои софаш баҳра бурду аз меваҳои шаҳдбораш ком ширин намуда, ба камол расид, имрӯз бо кадом рӯй аз дуриҳои дур сӯйи ин марзи аҷдодӣ санги нафрату надомат мезанад? Магар ин хок пошидан ба домони поки модари тоҷики ӯро ба воярасонда ва туф кардан ба намакдон нест? Масаллам аст, ки чунин нафарон қурбони дасисаҳои хоҷагони хориҷӣ гардидаанду гӯш танҳо ба ҳарфу ҳиҷоҳои бемантиқонаи онон дода шудааст. Вагарна танҳо дар ҷустуҷӯи камбудӣ ва ба мушкилот рӯ ба рӯ сохтани Ватани гулборонгардидаи худ намешуданд.​

Мо, модарони сулҳдӯсту сулҳпарвар, ба ояндаи нек, ба фардои боз ҳам дурахшону гулафшони сарзамини биҳиштосоямон эътимоди комил дорем ва аз ҳар як дастоварду ободкориҳо модарона шод мегардем. Назари мо, модарони сулҳпарвар чунин аст: Чаро ҷое, ки ободӣ ҳаст, ҷӯёи ноободиҳо шавем?​

Мо, занону духтарон, модарони тоҷик аз як гиребон сар бароварда, дар паҳлӯи Сарвари оқилу дурандешу хирадпеша, созандаи меъмори ваҳдат – Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, намегузорем, ки нотавонбинон фарзандони моро ба доми фиреб кашанд, онҳоро бо ваъдаҳои бардурӯғи маблағи калон додан, ба кӯи хоинӣ роҳнамун созанд! Бас аст дигар қурбони дасисаҳои дилсиёҳону вайронкорон гашта, ба доми фиреб афтодан! Бас аст дигар хуни ноҳақ рехтану дар Ватани хеш аз насли навраси дунёбехабар ғулом тарбия намудан!​

Ободиву пешрафти Тоҷикистон, ки бо заҳмату иродаи Пешвои муаззаму маҳбуби миллат ва мардуми ватанпарвару инсондӯсташ рӯи кор омад, худ баҳои хуни садҳо қурбониён аст! Ин ободӣ, ин тараққиёт аминем, ки боз ҳам идома меёбад ва Тоҷикистони мо дар арсаи ҷаҳон яке аз давлатҳои абарқудрат ​ мегардад. Таманнои бонувон ва модарони тоҷик ҳам ҳамин аст.

Дар ин росто пайи ҳифзи амнияту субот, ваҳдату якпорчагии сарзамини тоҷик, дӯстию осудагии мардум ва Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбуб талош менамоем! ​ ​ ​

Модарону бонувони сулҳдӯсту сулҳхоҳи Суғдмарз ҳамеша бо Шумо ҳастанд, муҳтарам Пешвои маҳбубу муаззами миллат!​

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд МО ҶОНИБДОРИ СУЛҲУ АМОНИЕМ!