Хабарҳо
МАҚОМИ АРЗАНДАИ МАОРИФЧИЁН - 14.08.2020 20:40
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди касбии кормандони тиб - 14.08.2020 15:10
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи дониш - 14.08.2020 12:59
Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ - 13.08.2020 20:35
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуданд - 13.08.2020 16:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд - 13.08.2020 15:59
Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ​ китоби​ "Камол дар оинаи пажӯҳиш"​ —​ ро ба нашр расонид - 13.08.2020 15:57
Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тибро ҷашн гирифтанд - 13.08.2020 13:08
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42

Конибодом. Даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид

( 0 Овоз )

Дар Кохи фарҳанги шаҳри Конибодом даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

Шумораи зиёди иштирокчиён ва омодагии ҳамаҷонибаи онҳо ба озмун далели маҳбубияти хоса пайдо кардани озмуни мазкур буд. Беҳтарин иштирокчиён аз даври шаҳрии озмун ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Озмун аз рӯи шартҳои пешбинишуда ҷараён гирифта, Шоҳҷоиза насиби хонандаи МТМУ№42 Мубина Маҳкамова гардид.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  давоми ду рӯз идома ёфта, дар фарҷом ҳамаи ғолибон бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар маросими ҷамъбастии озмун муовини раиси шаҳр Илҳом Хомидӣ ширкат варзида, ғолибони озмунро таҳният гуфт. Ба ғолибони ҷойи аввал мукофотпулӣ дар ҳаҷми 700 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 500 сомонӣ, ҷойи сеюм 300 сомонӣ ва барои Шоҳҷоиза 1000 сомонӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Конибодом. Даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид