Хабарҳо
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд - 04.07.2020 14:41
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05

Таъсиси​ 40 корхонаи нав бо 574 ҷойи корӣ дар Суғд

( 0 Овоз )

​Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат дар вилояти Суғд тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.

Барои таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда чораҷӯӣ карда шуда, силсилаи корхонаҳои нави саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.​

Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари ниҳодҳои марбута давоми панҷ моҳи соли 2020 дар вилоят 40 корхонаи нав бо 574 ҷойи корӣ таъсис дода шуданд. Ҳарчанд дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 теъдоди корхонаҳои нав баробар аст, шумораи ҷойҳои нави корӣ зиёдтар аст. Яъне соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 корхонаи нав бо 491 ҷойи корӣ таъсис дода шуда буд.

Корхонаҳои нав асосан дар соҳаҳои саноати сабук, химия, масолеҳи бинокорӣ ва хўрокворӣ​ таъсис дода шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуда истодаанд.

Ёдовар бояд шуд, ки​ давоми моҳҳои январ-майи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 5,6 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 769,6 миллион сомонӣ зиёд буда, 116,1 фоизро ташкил медиҳад.

Суръати рушди саноати вилоят бо нархҳои амалкунандаи корхонаҳо ба 119,5 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо бошад, ба 117,8 фоиз баробар гардид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таъсиси​ 40 корхонаи нав бо 574 ҷойи корӣ дар Суғд