Хабарҳо
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд - 04.07.2020 14:41
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

( 0 Овоз )

Санаи фархундаи таърихи миллат – Рӯзи Ваҳдати миллиро ба тамоми ҳамдиёрони гиромӣ аз таҳти дил табрик гуфта, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар роҳи таҳкими сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ муваффақиятҳои пайваста таманно менамоям.

Нақши Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар муттаҳид намудани ҳамватанон ва аз хатари нобудӣ наҷот бахшидани давлати навини тоҷикон бағоят бузург буда, он ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар бояд ҳамеша мавриди омӯзиш ва арҷгузорӣ қарор дода шавад. Зеро, маҳз Ваҳдати миллӣ нақшаи душманони миллати тоҷикро, ки мехостанд, бо дасти зархаридону хоинон фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми кишвар ба таври иҷборӣ таҳмил намуда, низоми осоиштаи давлатдориро тағйир диҳанд, барбод дод ва барои таҳкими давлат заминаи мусоид фароҳам овард.

Аз ин лиҳоз, санаи 27-уми июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ саҳифаи тозаи тантанаи ҳамдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ ва ҳадафҳои наҷиби халқи тоҷик, сарҷамъӣ ва оғози зиндагии орому осудаи халқамон ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба аҳамияти сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ таъкид намудаанд: «Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт».

Боиси таъкид аст, ки маҳз ба баракати соҳибистиқлолӣ ва сулҳу субот Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи рушд қадамҳои устувор мегузорад. Дар заминаи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сазовор истиқбол гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар вилоят эълон гардидани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор бахшида ба ин санаи муборак дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ бомаром идома доранд.

Дар шароити имрӯзаи дар кишварҳои олам, аз ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлол доман паҳн намудани бемории сироятии коронавирус моро зарур аст, ки беш аз ҳарвақта муттаҳид бошем, ҳама якҷоя барои ҳифзи саломатии худ ва фарзандон, атрофиён ва дар маҷмӯъ барои эмин нигоҳ доштани миллат аз ин хатари фарогир кӯшиш намоем.

Соли равон ду чорабинии муҳим – 5500 – солагии шаҳри қадимаи Саразм ва 700 – солагии зодрӯзи шоири ғазалсарои тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандиро низ ҳамчун нишони ифтихор аз таъриху тамаддуни куҳанбунёди худ ботантана таҷлил хоҳем намуд, ки, бешубҳа, барои таҳкими ваҳдату ҳамгироии мардуми кишвар ва муаррифии фарҳангу маданияти оламшумул мусоидат хоҳад намуд.

Итминони комил дорам, ки сокинони шарафманди вилоят дар ҳифзу ҳимояи Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги даврони Истиқлолияти кишвар саҳм гузошта, барои дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои волои ватандӯстӣ тарбия намудани насли ояндасоз ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзишманд хоҳанд гузошт. Бо чунин ниятҳои нек бори дигар тамоми сокинони вилоятро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод мегӯям.

Бигзор, дар кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол парчами сулҳу ваҳдат доимо ҷилвагар бошад.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ