Хабарҳо
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд - 04.07.2020 14:41
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05

Раиси вилоят собиқадори меҳнат Оқил Оқиловро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфт

( 0 Овоз )

Имрӯз, 27-уми июн бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят собиқадорони меҳнат, пирони хирад ва шахсони барӯмандро аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим кард.

Аз ҷумла дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон роҳбари вилоят ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқиловро аёдат намуд. Зимни суҳбат Раҷаббой Аҳмадзода аз саҳми шоиста ва назарраси Оқил Оқилов дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз ёдовар шуда, зикр дошт, ки давлату Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар меҳвари фаъолияти худ ғамхориву пуштибонии пирони хирад, собиқадорону дигар қишри ҷомеаро қарор додааст.

Дар фарҷоми суҳбат ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ Оқил Оқилов изҳори сипосмандии худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баён намуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Раиси вилоят собиқадори меҳнат Оқил Оқиловро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфт