Хабарҳо
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд - 04.07.2020 14:41
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

( 0 Овоз )

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре гуфта мешавад, дар ҷаласа аъзои Шӯро 33 масъала, аз ҷумла, як қонуни мукаммал — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Аз ҷониби аъзои Шӯро масъалаҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар мамлакат амалкунанда мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, онҳо ҷиҳати баррасӣ ба рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллӣ даъвати шашум, ки пагоҳ, 26 июн баргузор мегардад, пешниҳод гардиданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллӣ дар бораи бозхонд ва интихоб намудани судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ва интихоби намояндаи Маҷлиси миллӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тартиби муқарраргардида баррасӣ карданд.

Инчунин, дар Шӯро қарорҳои дахлдор «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025 дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020», «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи шаҳодатнома ва нишони сарисинагии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намуна ва тавсифи онҳо», «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи шаҳодатномаи раис, муовинон ва судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намуна ва тавсифи он» ва «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи шаҳодатномаи хизматии хизматчиёни давлатӣ ва граждании Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намуна ва тавсифи он» қабул гардид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид