Хабарҳо
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд - 04.07.2020 14:41
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05

Густариши корҳои ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд

( 0 Овоз )

Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд вусъати тоза касб кардааст.

Дар ин росто ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд гузаронидани ҳашарҳои дастҷамъона ба ҳукми анъана даромада, сокинони маҳаллаҳо ва кормандони идораву ташкилоту муассисаҳо барои тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбон ва маҳалли зисти худ корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд.

Аз ҷумла, дар шоҳроҳи Душанбе – Ҷаноқ, минтақаи хиёбони Истиқлол чунин ҳашари дастҷамъона гузаронида шуда, заминҳои шафати роҳи мазкур аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карда шуданд.

Аҳли маҳаллаи Шарқи шаҳр низ якҷоя баҳри ободу хуррамнамоии ҳудуди маҳаллаашон саҳмгузорӣ намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин ҳашарҳои дастҷамъона барои боз ҳам назаррабо гардидидани Хуҷанди бостонӣ мусоидат намуда истодааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Густариши корҳои ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд