Хабарҳо
Политическая сущность Кабири - предательство! - 08.07.2020 00:49
Дoкументальный фильм Измена ВИДЕО - 08.07.2020 00:38
Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 ​ - 07.07.2020 10:29
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” доир мешавад - 07.07.2020 10:27
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов

( 0 Овоз )

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов бо шиносоӣ аз фаъолияти пойгоҳи обкашии «Деҳмой -1» оғоз гардид.

Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти пойгоҳи обкашии «Деҳмой -1» шинос шуд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди самаранок истифодабарии замин, руйёнидини ду се ҳосил дар як сол ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат бо ташаббуси Раиси вилоят Суғд Раҷаббой Ахмадзода ду адад агрегатҳои пуриқтидори пойгоҳи обкашӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ворид карда шуд.

Дар пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» алҳол васлкунии агрегатҳои пуриқтидори муосир ҷараён дорад. Ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки ин дастгоҳҳои пуриқтидор барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии зиёда аз 3000 га заминҳои кишоварзӣ истифода бурда мешавад. Заминҳои кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов бинобар фарсуда шудани дастгоҳҳои обкашӣ солҳои охир аз таъминот бо оби полезӣ танқиси доштанд. Дар ноҳия тавассути панҷ пойгоҳи обкашӣ 12 500 га замин обёрӣ карда мешавад. Ин иқдоми Раиси вилоят саривақти буда дар мавсими имсола танқисии оби полезиро аз байн мебардорад ва барои руёнидани ҳосили фаровон мусоидат менамояд.

Дар минтақаи Рухак дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берун монда аз нав барқарор шуда истодааст. То имрӯз зиёда аз 400 га замин ба гардиши кишоварзи даровардашуда, дар он кишти полезӣ, лубиёгӣ, галадонагӣ, боғу токзори нав бунёд гардид, ки бо насб шудани дастгоҳҳои муосир, обёрии ин минтақа боз ҳам беҳтар мегардад ва барои барқарорсозии заминҳои нав замина мегузорад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин дастур дод то дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин корҳои васлу насби дастгоҳи обкаширо ба итмом расонида таъминот бо оби полезиро мунтазам ба роҳ монанд. Ҳамчунин бинои пойгоҳи обкаширо таъмири капитали намуда корҳои ободониро ба иҷро расонанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов