Хабарҳо
Политическая сущность Кабири - предательство! - 08.07.2020 00:49
Дoкументальный фильм Измена ВИДЕО - 08.07.2020 00:38
Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 ​ - 07.07.2020 10:29
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” доир мешавад - 07.07.2020 10:27
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21

Ҷаббор Расулов: Оилаи аз бемории сирояти фавтида аёдат карда шуд

( 1 Овоз )

Санаи 30 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тибқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзили сокини Ҷамоати Деҳмой , Юрсиной Ёриқулова омада, ба аҳли оилаи мархум таъзияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро расонида, кӯмаки моддӣ супорид.

Раиси вилоят дар сӯҳбат ба сокинон изҳор дошт, ки барои пешгирии сироятёбӣ байни аҳоли қоидаҳои гигиенӣ ва меъёрҳои фосилави ҷиддан риоя карда шуда, аз ниқоби муҳофизати ҳатман истифода бурда шавад. Ҳар як шаҳрванд бояд пеш аз ҳама бо тавсияи табибони оилави амал намуда имунитети организими худ ва ахли оиларо бо истеъмоли хуроки сергизо ва сабзавоту мевахои бахори пуркуват намояд.

Алҳол бобати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш ва коронавирус тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят тамоми чорахои зарури роҳандозӣ шуданд.

Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари табибон имрӯз вазъи эпидемиологӣ пурра зери назорат қарор дорад. Алҳол коҳишёбии шиддати хурӯҷи сироятёби мушоҳида мешавад. Аммо сироятёби ҳоло ба қайд гирифта шуда истодааст ва аз ҳар як сокини кишвар талаб карда мешавад, ки эҳтиёткор бошанд саломатии худ ва ҷомеаро зери хатар нагузоранд. Бояд қатъиян тавсияи табибонро риоя намоянд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҷаббор Расулов: Оилаи аз бемории сирояти фавтида аёдат карда шуд