Хабарҳо
Политическая сущность Кабири - предательство! - 08.07.2020 00:49
Дoкументальный фильм Измена ВИДЕО - 08.07.2020 00:38
Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 ​ - 07.07.2020 10:29
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” доир мешавад - 07.07.2020 10:27
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21

Шиносоӣ аз рафти парвариши сабзавотҳои барвақтӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии «Темурҷон»-и Ҷамоати деҳоти Деҳмой бо рафти парвариши сабзавоти барвақтӣ шинос шуд.

Дар хоҷаги аз рӯи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда ҳар порча заминро самаранок истифода менамоянд. Кишоварзон дар майдони 4.5 га замин парвариши сабзавоти барвақтиро ба роҳ монда ҳама намуди сабзавоти барвақтӣ карам, картошка, помидор бодиринг, сирпиёз, шалғам кишт намудаанд. Дар натиҷаи таҷрибаҳои солҳои тӯлонӣ ба даст омада имрӯз деҳқонон кишти сабзавоти барвақтиро аз руи агротехникаи муосир ба роҳ монда парвариши намудҳои гуногуни сабзавотро мувофиқи мақсад ба роҳ мондаанд. То имрӯз ҳосили бодиринг ва сирпиёзро ҷамъовари намуда ба фурӯш бароварданд. Алҳол ҳосили карам ва картошкаи баҳорӣ омодаи ғунучин аст.

Роҳбари хоҷагии деҳқони Азамат Алиев 25 сол бо парвариш сабзавот машғул аст. Ба гуфти ӯ муносибат бо замин асоси фаровонҳосили мебошад. Саривақт шудгор кардан, яхобмонӣ ва бо поруи маҳалли бой гардондани таркиби хок омили асоси ба шумор рафта ба нашъу намои хуби зироат мусоидат менамояд. Ҳоло деҳқонон ба ҷои майдонҳои холи шуда дубора бодиринг кишт намуда истодаанд. Ҳамчунин бо мақсади самаранок истифода бурдани замин ва дар як сол рӯёнидани се ҳосил кушиш намуда ҷуворӣ, харбузаву тарбуз ва лубиёгиҳоро низ ба роҳ мондаанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба истифодаи самараноки замин дар хоҷагии мазкур баҳои баланд дода баён дошт, ки бояд ҳар як соҳибзамин ба монанди ин деҳқонони асил корбарӣ ва муносибат бо заминро ҷори намуда баҳри таъмин бозор ва фаровонии дастурхони сокинони кишвар саҳмгузор бошанд. Роҳбари вилоят меҳнати деҳқонони заҳматкаши хоҷагии деҳқонии «Темурҷон»-ро бо тӯҳфаҳои хотирави қадрдонӣ намуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шиносоӣ аз рафти парвариши сабзавотҳои барвақтӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов